Прекос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Прекос (франс. ргёсосе — барма-ҳал, тезрас), як зоти гӯшту пашм-деҳи гӯсфандони маҳиппапш. П.-ро ox. садаи 19 дар Франция дарнатиҷаи ҷуфтии қӯчқорҳои зоти лейстер бо мешҳои зоти рамбулье ва дар Германия мериносҳои немисиро бо қуч-қорҳои зоти дарозпашми англиси ҷуфтй дода ба вуҷуд овардаанд. П. пурқувват, калон; қади қӯчқор 70— 80 см ва меш 65—70 см. Танаш да-розу ғафс, тӯшаш калон ва пойҳояш рост. Вазни зиндаи қӯчқор 100— 110 кг, меш —55—60 кг. Аз қӯчқор дар як тарош 8—10 кг ва аз меш 3,8—4,2 кг пашм мегиранд. Аз 100 cap меш 140—150 барра мегиранд. П. ба СССР с-ҳои 1926—31 аз Олмон оварда шудааст; дар ноҳияҳои маркази и Россия, Бошқирдистон, Тотористон, Украина, Белоруссия ва ғ. парвариш мекунанд.