Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Пулакчадорон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пулакчадорон
Табақабандии илмӣ
Салтанат:
Зерсилсила:
Бе ранг:
Инфратип:
Забарсинф:
Забарқатор:
Қатор:
Пулакчадорон
Номи илмӣ

Пулакчадорон (лот. Squamata) калонтарин қатори хазандаҳо буда, ба он аксаран калтакалосҳо ва инчунин морҳо дохил мешаванд. Ин қатор зиёда аз 11,991 намуд[2] ҳайвононеро дар бар мегирад, ки бадани онҳо бо пулакча ё сипарчаҳои сахт пӯшида шудааст ва онҳо гоҳ-гоҳ пӯсти худро мепартоянд. Устухонҳои ҷоғи онҳо серҳаракат мебошанд. Аз ҳамин сабаб, махсусан морҳо метавонанд даҳони худро хеле васеъ кушоянд ва шикори аз даҳонашон калонро фурӯ баранд. Андозаи пулакчадорон аз геккони паканаи тақрибан 16 мм сар карда, то питони тӯрии зиёда аз 6 метр мерасад. Хешовандони нобудшудаи онҳо, мозазаврҳо, аз 14 метр ҳам дарозтар мешуданд.