Пётр Ганнушкин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пётр Ганнушкин
Таърихи таваллуд 24 феврал (8 март) 1875
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 феврал 1933(1933-02-23) (57 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ равонпизишкӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори тиб[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Sergei Korsakoff[d] ва Vladimir Serbsky[d]
Шогирдон Q4493094? ва Oleg Kierbikow[d]

Га́ннушкин Пётр Бори́сович (24 феврал (8 март) 1875 — 23 феврали 1933, Маскав) — равонпизишки рус, яке аз асосгузорони консепсияи равонпизишкии хурд (русӣ: малая психиатрия).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Маскав (1898). Шогирди С. С. Корсаков ва В. П. Сербский. Аз соли 1918 профессори кафедраи асабшиносии Университети давлатии Маскав. Пётр Ганнушкин таълимот дар бораи хислатҳои патологиро таҳия кардааст. Дар китоби «Клиникаи девонафеълон: беҳаракатӣ, серҳаракатӣ ва таснифоти онҳо» одамонро аз рӯйи хислаташон ба гурӯҳҳои сиклоидҳо, нотавонон (астеникҳо), бесуботон, ҷамъиятқимобон, ҷоҳилон ва зергурӯҳҳои рӯҳафтодагон, ошуфтаҳолон, эҳсосию ноустуворон, тундхӯйҳо, васвосиҳо, хаёлбофон, мутаассибон, дурӯғгӯён ҷудо кардааст. Унсурҳои табақабандии ӯ минбаъд дар асарҳои А. Е. Личко истифода шудаанд. Пётр Ганнушкин ба таҳқиқи экспериментали (таҷрибави)-и гипноз низ машғул шудааст. Ӯ ақидаи Ч. Ломброзоро дар бораи «ҷинояткори модарзод» танқид карда, ба ғояҳои психоаналитикӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст ва муолиҷаи психоаналитикиро дар таҷриба ба кор бурдааст. Ӯ муносибати худро ба психоанализ (усули муолиҷаи иллатҳои рӯҳӣ) дар китоби «Дар бораи психотерапия ва психоанализ» шарҳ додааст. Пётр Ганнушкин ташаббускори рушди ёрии психиатрии ғайрибистарӣ буд. Бо роҳбарии ӯ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ диспансерҳои психоневрологӣ — шакли нави ёрии ғайрибистарӣ ба одамони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ташкил карда шуданд. Пётр Ганнушкин муассиси мактаби психиатрии илмӣ аст. Ф. Ф. Детенгоф, С. Т. Жислин, А. Н. Молохов, профессор Я. П. Фрумкин, акад. АИТ ИҶШС О. В. Кербиков, А. О. Эделштейн, Б. Д. Фридман аз ҷумлаи шогирдони ӯянд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Избранные труды. М., 1964.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Банщиков В. М. Большой друг больного (к 100-летию со дня рождения П. Б. Ганушкина).//Здоровье, № 3, 1975;
  • Герши А. Пётр Ганнушкин П. Б. Ганнушкин. М., 1975.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ганнушкин Пётр Борисович / Н. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.