Пӯлод Абдураҳмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пӯлод Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд 1927(1927)
Зодгоҳ деҳаи Субулоқи ноҳияи Файзобод
Таърихи даргузашт 2002(2002)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Файзобод
Кишвар
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1971
Ордени Ленин Ордени «Нишони Фахрӣ»

Пӯлод Абдураҳмонов (тав. 1927, деҳаи Субулоқ, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 2002, ноҳияи Файзобод, Тоҷикистон) — картошкапарвар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Колхозчӣ (1944—1946). Сардори бригадаи картошкакорони колхози «50-солагии Октябр» ва совхози «Қалъаи Дашт-2» (1947—1984), хоҷагии «Ҳамза»-и ноҳияи Файзобод (1985—1990). Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Бригадааш ҳосили фаровони картошка (аз ҳар га то 400 сентнерӣ) гирифтааст. Абдураҳмонов депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8,9) буд.

Ордену медалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]