Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Пасиқафқоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз РСФС Закавказия)
Ҷумҳурии Шӯравии Фетерадитивии Сотсиалистии Пасиқафқоз
русӣ: Закавказская Советская Федеративная Социалистическая Республика
озарбойҷонӣ: Zaqafqaziya Sovet Federativ Sosialist Respublikası
арманӣ. Անդրկովկասյան Սոցիալիստական Ֆեդերատիվ Դաշնային Հանրապետություն
гурҷӣ: ამიერკავკასიის საბჭოთა ფედერაციული სოციალისტური რესპუბლიკა
кишвари федеративии соҳибистиқлоли шӯравӣ (12.0330.12 1922)
Ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати ИҶШС (19221936)
 

 

 

12 марти 1922 — 15 декабри 1936


Парчами ҶШФС Пасиқафқоз Нишони ҶШФС Пасиқафқоз
Шиор
озарбойҷонӣ: !بوتون اؤلکه‌لرین پرولئتارلاری، بیرلشین, Bütün ölkәlәrin
proletarları, вirlәşiniz!

арманӣ. Պրոլետարներ բոլոր երկրների, միացե՛ք
гурҷӣ: : პროლეტარებო ყველა ქვეყნისა,
შეერთდით!

абх. :Апролетарцәа атәылақәа ӡегьы рҿы иҟоу, шәҽеидышәкыл!
русӣ: Пролетарии всех стран, соединяйтесь!
Пойтахт Тифлис
Шаҳрҳои бузургтарин Боку, Тифлис
Забон(ҳо) русӣ, озарбойҷонӣ, гурҷӣ, арманӣ
Дин Христианӣ, ислом
Воҳиди пул рубли Закавказия
Майдон 186,1 ҳаз. км2
Аҳолӣ 5861,6 ҳаз. наф. (1926)
Шакли ҳукмронӣ ҷумҳурии шӯравӣ
Котиби аввали Кумитаи РКП(б) — ВКП(б)-и давлати Пасиқафқоз
 - 19221926 Григорий Константинович Орджоникидзе (аввалин)
 - 19321936 Лаврентий Павлович Берия (охирин)

Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Пасиқафқоз (Закавказия)[1] (русӣ:Закавказская Советская Федеративная Социалистическая Республика, Закавказская Федерация[2][3], ЗСФСР; Федератсияи Пасиқафқоз, ҶШФСП) — ҷумҳурии иттифоқӣ, аз солҳои 1922 то 1936 дар ҳайати ИҶШС, яке аз ҷумҳироҳои ташкилкунандаи Иттиҳоди Шӯравӣ.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Фикри муттаҳидкунӣ аз тарафи Владимир Ленин барои рафъ намудани боқимондаҳои шоҳӣ ва беҳдошти сатҳи хоҷагии деҳот баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ пешниҳод гардид.

12 марти 1922 дар Тифлис ҷаласаи намояндаҳои КИМ-и ҶШС Озарбойҷон, КИМ-и ҶШС Гурҷистон ва КИМ'и ҶШС Арманистон қарорро дар бораи эҷоди Иттифоқи Федеративии Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалисти Пасиқафқоз (ИФҶШСП) қабул кард.

13 декабри 1922 Анҷумани 1-уми даъвати советҳои Пасиқафқоз (Боку) ИФҶШСП-ро ба Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Пасиқафқоз бо сохтори қаблии ҷумҳуриҳояш мубаддал гардонд.[4] Анҷуман Конститутсияи ҶШФСП-ро қабул кард ва КИМ-и Закавказияро ва ҳукуматро ба Шӯрои комиссарҳои халқӣ иваз намуд, ки раисаш И. Д. Орахелашвилӣ шуд.[5]

16 декабри 1921 ҶШС Абхозистон ва ҶШС Гурҷистон чун субҳектҳои ҳуқуқи байналмилал Шартномаи союзӣ бастанд, ки дар натиҷа онҳо як шуданд. 13 декабри 1922 Абхозистон ба воситаи ӯ ба Федератсияи Закавказия дохил гардид.

30 декабри 1922 ҶШФСП бо ҶШФСР, ҶШС Украина ва ҶШС Белорус ба Иттифоқи ҶШС муттаҳид шуданд.

Соли 1931 вазъи дарёфтшудаи Абхозистон дар Шартномаи союзӣ аз даст рафт ва ӯ шомили ҶШС Гурҷистон чун ҷумҳурии мухтор шуд (ҶМШС Абхозистон).

Тибқи конститутсияи соли 1936-и СССР ҶФШС Пасиқафқоз аз байн рафт. ҶШС Арманистон, ҶШС Гурҷистон ва ҶШС Озарбойҷон ба ҳайати ИҶШС чун ҷумҳуриҳои ҷудогонаи бародарӣ дохил шуданд.

Тақсимоти ҳудудӣ-маъмурӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Кишвар сохти федеролӣ дошт ва ба чанд ҷумҳурӣ тақсим мешуд:

Котибони якуми Кумитаи кишварии Пасиқафқоз РКП(б)—ВКП(б)[вироиш | вироиши манбаъ]

Котибони 2-юм[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолӣ дар соли 1926:

ҶШФС Пасиқафқоз
Ҳамагӣ 5 861 600 наф. 100 %
Гурҷиҳо 1 788 200 наф. 30,5 %
Озарбойҷониҳо 1 652 800 наф. 28,2 %
Арманиҳо 1 333 600 наф. 22,8 %
Русҳо 336 100 наф. 5,7 %
Осетинҳо 133 300 наф. 2,3 %
Талишҳо 77 000 наф. 1,3 %
Курдҳо 64 700 наф. 1,1 %
Юнониҳо 57 100 наф. 1 %
Абхозҳо 56 800 наф. 1 %
Лезгинҳо 40 700 наф. 0,7 %
Украинҳо (дақиқнамоӣ) 35 400 наф. 0,6 %
Яҳудиён 29 900 наф. 0,5 %
Татҳо 28 400 наф. 0,5 %
Украинҳо (дақиқнамоӣ) 18 200 наф. 0,3 %
Тоторҳо 9900 наф. 0,2 %
Форсҳо 9400 наф. 0,2 %
Ассирийҳо 3100 наф. 0,05 %
Язидҳо 2800 наф. 0,05 %
Удинҳо 2400 наф. 0,04 %
ҶШС Озарбойҷон
Ҳамагӣ 2 314 600 наф. 100 %
Озарбойҷониҳо 1 438 000 наф. 62,1 %
Арманиҳо 283 000 наф. 12,2 %
Русҳо 220 500 наф. 9,5 %
Талишҳо 77 000 наф. 3,3 %
Курдҳо 41 000 наф. 1,8 %
Лезгинҳо 37 300 наф. 1,6 %
Татҳо 28 400 наф. 1,2 %
Яҳудиён 20 600 наф. 0,9 %
Украинҳо 18 200 наф. 0,8 %
Тоторҳо 9900 наф. 0,4 %
Форсҳо 9400 наф. 0,4 %
Удинҳо 2400 наф. 0,1 %
ҶШС Арманистон
Ҳамагӣ 880 500 100 %
Арманиҳо 743 600 84,45 %
Озарбойҷониҳо 76 900 8,73 %
Русҳо 19 500 2,21 %
Курдҳо 15 700 1,73 %
Юнониҳо 3000 0,34 %
Украинҳо 2800 0,32 %
Ассирийҳо 2200 0,24 %
ҶШС Гурҷистон
Ҳамагӣ 2 666 500 наф. 100 %
Гурҷиҳо 1 788 200 наф. 67 %
Арманиҳо 307 000 наф. 11,5 %
Озариҳо 137 900 наф. 5,2 %
Осетинҳо 133 300 наф. 5 %
Русҳо 96 100 наф. 3,6 %
Абхозҳо 56 800 наф. 2,1 %
Юнониҳо 54 100 наф. 2 %
Украинҳо 14 400 наф. 0,5 %
Яҳудиён 9300 наф. 0,3 %
Курдҳо 8000 наф. 0,3 %
Лезгинҳо 3400 наф. 0,1 %
Язидҳо 2800 наф. 0,1 %
Ассирийҳо 900 наф. 0,03 %

Тибқи омори барӯйхатгирӣ тамоми гурҷиҳо дар Гурҷистон мезистанд. Дар Озарбойҷон 90% озариҳо, дар ҳоле ки дар Арманистон 55% арманҳои ҶШФСП мезистанд.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Конституция СССР 1924 года
  2. Розенталь Д. Э. Большой справочник по русскому языку: Орфография. Пунктуация. Орфографический словарь. Прописная или строчная? / Отв. ред. С. О. Савчук. — М.: Оникс, 2011. — С. 806. — 1008 с. — 5100 экз. — ISBN 978-5-488-02204-1.
  3. Лопатин В. В., Нечаева И. В., Чельцова Л. К. Прописная или строчная? Орфографический словарь / Отв. ред. Н. Уварова. — М.: Эксмо, 2011. — С. 178. — 512 с. — (Библиотека словарей ЭКСМО). — 2500 экз. — ISBN 978-5-699-49001-1.
  4. Шаблон:Из
  5. Орахелашвили, Мамия Димитриевич
  6. Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Орҷоникидзе
  7. 7.0 7.1 Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Орахелашвили
  8. 8.0 8.1 Rulers.org — Soviet republics
  9. Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Кринитский
  10. Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Ломинадзе
  11. Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Картвелишвили
  12. Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Берия
  13. Меерзон Жозеф Исаакович
  14. Кудрявтсев Сергей Александрович

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]