Раддабандии ҷаҳонии ФИФА
| Топ-25 раддабандии 1 апрели 2026[1] | |||
| 1-ум | ▲ 2 | 1877.32 | |
| 2-юм | ▼ 1 | 1876.4 | |
| 3-юм | ▼ 1 | 1874.81 | |
| 4-ум | ▬ | 1825.97 | |
| 5-ум | ▲ 1 | 1763.83 | |
| 6-ум | ▼ 1 | 1761.16 | |
| 7-ум | ▬ | 1757.87 | |
| 8-ум | ▬ | 1755.87 | |
| 9-ум | ▬ | 1734.71 | |
| 10-ум | ▬ | 1730.37 | |
| 11-ум | ▬ | 1717.07 | |
| 12-ум | ▲ 1 | 1700.37 | |
| 13-ум | ▲ 1 | 1693.09 | |
| 14-ум | ▼ 2 | 1688.99 | |
| 15-ум | ▲ 1 | 1681.03 | |
| 16-ум | ▼ 1 | 1673.13 | |
| 17-ум | ▬ | 1673.07 | |
| 18-ум | ▲ 1 | 1660.43 | |
| 19-ум | ▼ 1 | 1649.4 | |
| 20-ум | ▲ 1 | 1620.81 | |
| 21-ум | ▼ 1 | 1615.3 | |
| 22-юм | ▲ 3 | 1599.04 | |
| 23-юм | ▬ | 1594.78 | |
| 24-ум | ▬ | 1593.45 | |
| 25-ум | ▼ 3 | 1588.66 | |
| Тағйири мавқеъ — дар муқоиса бо 19 январи 2026 | |||
| Феҳристи пурра дар вебгоҳи ФИФА | |||
Раддабандии дастаҳои миллии ФИФА ё Раддабандии ҷаҳонии ФИФА/Coca-Cola (англ. The FIFA/Coca-Cola World Ranking) — низоми раддабандӣ барои дастаҳои миллии футбол мебошад. Ин низом бори аввал дар соли 1993 муаррифӣ шуд ва қудрати нисбии тими миллиро дар замони ҳол нишон медод ва имкон медод раванди пешрафти тим баррасӣ шавад.
Дар моҳи июли соли 2006, пас аз Ҷоми ҷаҳон дар Олмон ва дар августи соли 2018, пас аз Ҷоми ҷаҳон дар Русия, тағйироти ҷиддӣ дар низоми ҳисобкунии холҳо ворид карда шуд.
Миқдори холҳо дар раддабандӣ ба натиҷаҳои бозиҳои даста, қудрати рақибон ва аҳамияти мусобиқаҳо вобаста аст. Барои ҳар як бозии гузаронидашуда ба дастаҳо мувофиқи қоидаҳо холҳо илова ё кам карда мешаванд.
Раддабандии ФИФА расмӣ ҳисобида мешавад, аммо ғайр аз он якчанд низомҳои ғайрирасмии раддабандӣ низ вуҷуд доранд.
Соли 2022 дастаи Бразилия садри ҷадвали раддабандии FIFA-ро касб кард. Дар тӯли таърихи ин раддабандӣ, танҳо 8 тим ба рутбаи аввал расидаанд. Аз ҷумла 6 тим аз Урупо — Олмон, Итолиё, Фаронса, Испониё, Нидерланд, Белгия ва 2 тим аз Амрикои Ҷанубӣ — Бразилия ва Аргентина.
Рӯзи 10 июни 2018 эълон карданд, ки пас аз анҷоми Ҷоми ҷаҳон 2018 низоми нави раддабандӣ ҷорӣ хоҳад шуд, ки бар асоси раддабандии Эло сохта шудааст[2]. Аввалин феҳристи раддабандии низоми нав 16 августи 2018 нашр шуд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Низоми кунунии раддабандӣ (аз августи 2018)
[вироиш | вироиши манбаъ]Инчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раддабандии футболии Эло — асоси ин система бар раддабандии Эло, қарор дорад, ки дар шоҳмот истифода мешавад.
- Ҷоми ғайрирасмии ҷаҳон — низоми худро истифода мебарад, ки ба ҳифзи унвони қаҳрамон дар бокс шабеҳ аст.
- Ҷадвали коэффитсиентҳои УЕФА
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 The FIFA/Coca-Cola World Ranking(англ.). FIFA (1 апрел 2026).
- ↑ 2026 FIFA World Cup™: FIFA Council designates bids for final voting by the FIFA Congress.