Jump to content

Разиюлло Атохонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Разиюлло Атохонов
Таърихи таваллуд 7 декабр 1936(1936-12-07)
Зодгоҳ Исфара
Таърихи даргузашт 22.О7.2021
Кишвар шаҳри Москва
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи ш. Тюмени Федератсияи Русия.
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор

Разиюлло Атохоновриёзидон ва равоншиноси тоҷик, доктори илмҳои равоншиносӣ (1994), профессор (1996)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Разиюлло Атохонов солҳои 1954-1956 донишҷўи Донишкадаи муҳандисию сохтмонии ш. Маскав. Соли 1964 факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омўзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1977–1982 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишкадаи давлатии омўзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1982–1996 дотсент ва мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1996-2014 мудир ва профессори кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи ш. Тюмени Федератсияи Русия, 2015 профессори кафедраи таҳсилоти томактабӣ, 2016 профессори кафедраи тахассусии факултети психология ва таҳсилоти фарогир. Оид ба хусусиятҳои ҷамъбасткунии эмпирикӣ ва назарияи ҳалли масъалаҳои арифметикӣ дар мактабиёни хурдсол, психологияи инкишофи тафаккури математикии хонандагон корҳои илмӣ анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаи илмӣ, илмию методӣ, дастурҳои таълимиву методӣ ва фишурдаҳои илмӣ аст.

  • Ҳалли масъала бо ёрии муодила (дастури методӣ). Д., 1969.
  • Психология. Д., 1982;
  • Дараҷаҳои инкишофи тафаккури математикӣ. Д., 1993.
  • Тафаккури математикӣ ва методикаи муқарракунии сатҳи тараққиёти он. Д., 2000.
  • Луғати мухтасари ислоҳоти психология ва тавсифи баъзе мафҳумњо. Д., 2017.
  • Психология. Муқаддимаи ихтисоси психолог. Д., 2018.