Раиси вилоят
Раиси вилоят - намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шахси мансабдори ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки вай ба мақомоти намояндагии вилоят - Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва Ҳукумати вилоят сарварӣ менамояд. Раиси вилоятро Президенти ҶТ ба вазифа таъйин ва аз он озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод менамояд. Раиси вилоят иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ ва Президенти ҶТ, Ҳукумат, қарорҳои мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи вилоятро ташкил мекунад, иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқро даъват менамояд ва барои тайёрии масъалаҳои дар он баррасишаванда роҳбарӣ менамояд, дар маҷлисҳои иҷлосияҳо роҳбарӣ мекунад, моликияти коммуналиро идора мекунад, роҳбарии давлатиро аз болои идораҳои муассисаҳо ва ташкилотҳои марбута таъмин месозад, дигар масъалаҳоеро, ки аз Конститутсия, Қонунҳои ҶТ, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бармеоянд, ҳаллу фасл менамояд. Раиси вилоят дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунад ва амр медиҳад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 388