Рашидуддин Ватвот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Рашидуддин Ватвот аз шоирон ва донишмандони намоёни асри XII мебошад. Соли таваллудаш маълум нест. Ватвот дар мадрасаи Низомия таҳсили илм намуда, пас аз таҳсил аз Хуросон ба Хоразм меравад. Шоир дар замони зиндагиаш бо шоирони муосира худ — Ҳоқонӣ, Анварӣ, Саноӣ, Адиб Собир мукотиба доштааст. Рашидуддин Ватвот дар соли 573 хиҷри (1177 милодӣ) вафот мекунад. Аз Ватвот ба мо асари машҳураш «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» (дар бораи илми бадеъ ва санъатҳои шеърӣ), ҳикоятҳои насрӣ, қасида ва мукотибот боқӣ мондаанд.

Мероси адабӣ[вироиш]

1.Ҳадоиқ-ус-сеҳр фи дақоиқ-ул-шеър 2.Абкор-ул-афкор фи расоил-ул-ашъор 3.Ароис-ул-хавотир ва ан-нафоис-ун-наводир 4.Девони форсӣ бо беш аз 8500 байт 5.Девон арабӣ 6. Латоиф-ул-амсол ва тароиф-ул-ақвол 7. Маҷмуи расоили арабӣ 8. Фасл-ул-хитоб 9. Анис-ул-лаҳфон 10.Ҷавоҳр-ул-қалоид вазавоҳир-ул-фароид 12.Луғати манзуми мавсум ба Ҳамду сано 13.Туҳфат-ул-сиддиқ алал сиддиқ мин каломил Абубакри Сиддиқ

Намунаи ашъор[вироиш]

З-ин синаи пуроташу з-ин дидаи пуроб,
Дардо,ки гашт қоидаи умри ман хароб.
Аз бими ҳарқу ғарқ наёяд маро ҳаме,
Дар сина ҳеҷ шодию дар дида ҳељ хоб.
Гардун диҳад зи суфраи ҳасрат маро таъом,
Гетӣ диҳад зи соғари меҳнат маро шароб.
Занбурвор буд ба олам чу шаҳду чарх,
Чун мор заҳр кард маро дар даҳон луоб.
Имсол ман мукарраму ман сухраи ҳавон,
Ақрони ман мураффау ман туъмаи азоб.
Гуфтам, ки дар шабоб кунам давлате ба даст,
Н-омад ба даст давлату аз даст шуд шабоб.

адабиёт[вироиш]

  • 1.Фаррух Умар. Торих-ул-адаб ал-арабӣ.- ҷ 3. 1984
  • 2.Алиакбари Дењхудо. Луѓатнома(Зайли Ватвот)
  • 3. Љувайнї. Ҷаҳонкушои Ҷувайнӣ.-Тењрон, Ҳирмис.-сафҳаи 360-370