Рашид Воҳидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рашид Воҳидов

Воҳидов Рашид Юревич (тав. 20 августи 1966, Душанбе) — ходими ҳарбии тоҷик, генерал-майор (2007).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳарбии умумиқӯшунии фармондеҳии ш. Алмаато (1987) ва Академияи ҳарбии ақибгоҳ ва нақлиёти ш. Санкт-Петербург (1999). Фармондеҳи взводи десанти ҳамлаовар (1987–88) ва взводи десанти иктишофии Округи ҳарбии Назди Балтика (1988–90), муҳандиси зершуъбаи техникаи амалиётӣ (ҷангӣ) ва алоқаи Раёсати 7-ум (1990–92), нозири калони шуъбаи 2-юм (1992–93), сардори зершуъбаи 1-уми шуъбаи таъминоти амволи шайъӣ (1993–94), сардори шуъбаи аслиҳа ва техникаи махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994–95), сардори шуъбаи таъминоти амволи шайъӣ (1995–96) ва Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999–2003), котиби котиботи ташкилоти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъии ИДМ (2003–09). Аз соли 2009 афсари калон-оператори шуъбаи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Ситоди муттаҳидаи созмони мазкур.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]