Раъно Бухоризода
Раъно Бухоризода | |
Таърихи таваллуд | 7 сентябр 1951 (73 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | химия |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Раъно Бухоризода -олим, химияшинос. Номзади илмҳои химия (1982), дотсент (1995). Фарзанди Абдураҳмон Бухоризода.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дастпарвари мак. миёнаи № 21 Душанбе (1968). Фак. химияи УДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1973): лабор. калон (1973-1976), асп. (1977-1980). Дар мавзӯи «Изучение комплексных соединений Re (VI) c O, N и S- содержащими лигандами в неводных средах методом ЭПР» дар Ин.-ути химияи умумӣ ва ғайриорганикии ба номи Н. С. Курнакови АИ СССР рисолаи номз. дифоъ кардааст. Ход. хурди илмии Ин.-ути химияи АИ Тоҷикистон (1980-1986). Ассис. каф. химияи ғайриузвӣ ва биофиз. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1986-1990). С. 1990 ба кори УДТ ба номи В. И. Ленин гузаштааст: муал. калон (1990-95), дотс. каф. химияи физ. коллоид (1995-02). Аз соли 2002 – кот. илмии бахши ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқ. назди Раёсати АИ ҶТ. Беш аз 40 мақолаи илмиаш, аз ҷумла «Теоретическая интерпретация спекторов электронного парамагнитного резонанса (ЭПР)» дар маҷ.- ҳои илмии ҶТ, ФР ва диг. кишварҳо чоп шудааст. Ду патенти ихтироъ дорад.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - С. 39 ISBN 978-99947-958-2-6