Рақибов Муҳаммадкарим
Маҳмадкарим Рақибов | |
|---|---|
| тоҷикӣ: Рақибов Маҳмадкарим Каримович | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд | Рақибов Маҳмадкарим Каримович |
| Таърихи таваллуд | 1 январи 1956 (70 сол) |
| Зодгоҳ: | ноҳияи Ванҷ |
| Табаият | тоҷик |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Жанр | наққошӣ, кундалнигорӣ, санъати меъморӣ |
| Омӯзиш | Коллеҷи рассомии Тоҷикистон ба номи М. Олимов |
| Сабк | миллӣ, реализм, кундал |
| Унвонҳо | Узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, дотсент |
Маҳмадкарим Каримович Рақибов (тав. 1 январи 1956, ноҳияи Ванҷ, ВМКБ) — наққош, кундалнигор ва рассоми маъруфи тоҷик, дотсенти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон. Ӯ яке аз устодони барҷастаи сабки «кундал» дар меъмории муосири Тоҷикистон ба шумор меравад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадкарим Рақибов 1 январи соли 1956 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1973 баъди хатми мактаби миёна ба Омузишгоҳи рассомии ба номи М. Олимов дохил шуда, онро пас аз адои хидмати ҳарбӣ хатм намудааст. То соли 2013 дар Фонди рассомии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Фаъолияти ҳунарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Устод Маҳмадкарим Рақибов дар ороиш ва наққошии биноҳои муҳими давлатӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва хориҷ аз он саҳми бузург гузоштааст. Аз ҷумла:
- 1981: Гаҷкории Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб.
- 1989: Наққошии сақфи толори хориҷии Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе.
- 1990-91: Нақшнигории долонҳои Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
- 2007-09: Наққошӣ ва кундалнигории долони чапи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ.
- 2009: Наққошии сақфи даромадгоҳи «Кохи Сомон».
- 2010-14: Наққошӣ ва кундалнигории «Кохи Наврӯз»[1].
- 2022: Иштирок дар офаридани маҷмааи «Тахти тоҷикон» дар Майдони Истиқлол[2].
Осори ӯ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи Майдони Истиқлол маҳфузанд.
Намоишгоҳҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Рақибов дар намоишгоҳҳои байналмилалии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Эрон (намоишгоҳи «Булбули чаманҳои Хуҷанд» бахшида ба Камоли Хуҷандӣ) фаъолона иштирок кардааст[3].
Фаъолияти омӯзгорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Айни замон Маҳмадкарим Рақибов ба ҳайси устод ва дотсенти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолият намуда, шогирдони зиёдеро дар риштаи наққошӣ ва кундалнигорӣ тарбия мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ АМИТ Ховар. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши корҳои рассомии омӯзгорон доир шуд (22 марти 2022).
- ↑ Кароматулло Олимов. Ҷилваи руҳи ниёгон: Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ. Нашрияи Иттифоқи нависандагон.
- ↑ Тоҷикон фарзандони воқеии Камоли Хуҷандӣ ҳастанд. Parstoday (21 Декабри 2020).