Раҳии Муъаийирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Муҳаммадҳасан Раҳии Муъаййирӣ
форсӣ: رهی معیری
Rahi moayeri tomb.jpg
Тахаллусҳо: Раҳӣ
Таърихи таваллуд: 30 апрел 1909(1909-04-30)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 15 ноябр 1968(1968-11-15) (59 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Муҳаммадҳасан «Биюк» Муъаййирӣ (форсӣ: محمدحسن «بیوک» معیری‎; 30 апрел 1909, Теҳрон15 ноябр 1968, Теҳрон), бо тахаллуси Раҳӣ (форсӣ: رهی‎) — аз ғазалсроёни муосири Эрон ва аз таронасароён ва таснифсароён баноме аст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадҳасан Раҳии Муъаййирӣ дар соли 1909 дар Теҳрон ба дунё омад ва пас аз таҳсилоти олӣ вориди машоғили идорӣ шуд ва солҳо бо радио ҳамкорӣ дошт. Девони комили ӯ ҳовии «Сояи умр», «Озода», «Таронаҳо», ки шомили ғазалиёт, қитъаот, маснавиҳо, таронаҳо ва дигар сурудаҳои ӯст. Вай дар танзу фукоҳанависӣ ва таронасароӣ низ устод буд, аммо умдаи шуҳрати Раҳии Муъаййирӣ ба хотири ғазалиёти ӯст, ки омезае аз латофат ва фасоҳати забони Саъдӣ, қуввату инсиҷоми баёни Низомӣ, шӯру ҳарорати каломи Мавлавӣ ва нозукхаёлиҳои соиби Табрезӣ аст. Раҳии Муъаййирӣ баёне пок ва пироста ва табъе гарму ҳассос дошт.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳии Муъаийирӣ, ки то охири умр муҷаррад зист, 15 ноябри соли 1968 пас аз ранҷи тӯлонӣ аз бемории саратони меъда даргузашт ва дар мақбараи Заҳируддавлаи Шамирон ба хок сипурда шуд[1].

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Бояд харидорам шавӣ, то ман харидорат шавам,
В-аз ҷону дил ёрам шавӣ, то ошиқи зорат шавам.
Ман нестам чун дигарон, бозичаи бозигарон,
Аввал ба дом орам туро в-онгаҳ гирифторат шавам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. رهی معیری. ganjoor.net. گنجور. 4 августи 2022 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. — Душанбе 2012. — С. 363