Раҳии Муъаййирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Раҳии Муъайирӣ)
Муҳаммадҳасан Раҳии Муъаййирӣ
форсӣ: رهی معیری
Тахаллусҳо: Раҳӣ
Таърихи таваллуд: 30 апрел 1909(1909-04-30)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 15 ноябр 1968(1968-11-15) (59 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Муҳаммадҳасан «Биюк» Муъаййирӣ (форсӣ: محمدحسن «بیوک» معیری‎, бо тахаллуси Раҳӣ (форсӣ: رهی‎); 30 апрел 1909, Теҳрон15 ноябр 1968, Теҳрон)  — шоир, ғазалсаро, таронасаро ва таснифсарои баноми муосири Эрон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадҳасан Раҳии Муъаййирӣ дар соли 1909 дар Теҳрон ба дунё омад ва пас аз таҳсилоти олӣ вориди машоғили идорӣ шуд ва солҳо бо родию ҳамкорӣ дошт. Девони комили ӯ ҳовии «Сояи умр», «Озода», «Таронаҳо», ки шомили ғазалиёт, қитъаот, маснавиҳо, таронаҳо ва дигар сурудаҳои ӯст. Вай дар танзу фукоҳанависӣ ва таронасароӣ низ устод буд, аммо умдаи шуҳрати Раҳии Муъаййирӣ ба хотири ғазалиёти ӯст, ки омезае аз латофат ва фасоҳати забони Саъдӣ, қуввату инсиҷоми баёни Низомӣ, шӯру ҳарорати каломи Мавлавӣ ва нозукхаёлиҳои Соиб аст. Раҳии Муъаййирӣ баёне пок ва пироста ва табъе гарму ҳассос дошт.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳии Муъаийирӣ, ки то охири умр муҷаррад зист, 15 ноябри соли 1968 пас аз ранҷи тӯлонӣ аз бемории саратони меъда даргузашт ва дар мақбараи Заҳируддавлаи Шамирон ба хок сипурда шуд[1].

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳадиси ҷавонӣ

Ашкам, вале ба пои азизон чакидаам,
Хорам, вале ба сояи гул орамидаам.
Бо ёди рангу бӯйи ту, эй навбҳори ишқ,
Ҳамчун бунафша сар ба гиребон кашидаам.
Чун хок, дар ҳавои ту аз по фитодаам,
Чун ашк, дар қафои ту бо сар давидаам.
Ман ҷилваи шубоб надидам ба ъумри хеш,
Аз дигарон ҳадиси ҷавонӣ шунидаам.
Аз ҷоми офият, майи нобе нахӯрдаам
В-аз шохи орзу, гули айше начидаам.
Мӯйи сапедро, фалакам ройгон надод,
Ин риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам.
Эй сарви пойбаста, ба озодагӣ маноз,
Озода ман, ки аз ҳама олам буридаам.
Гар мегурезам аз назари мардумон, Раҳӣ
Айбам макун, ки оҳуи мардумнадидаам.

Даймоҳи 1333

Абёти пароканда[вироиш | вироиши манбаъ]

Бояд харидорам шавӣ, то ман харидорат шавам,
В-аз ҷону дил ёрам шавӣ, то ошиқи зорат шавам.
Ман нестам чун дигарон, бозичаи бозигарон,
Аввал ба дом орам туро в-онгаҳ гирифторат шавам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. رهی معیری. ganjoor.net. گنجور. 4 августи 2022 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. — Душанбе 2012. — С. 363