Раҳимбой Раҳматов
Раҳимбой Раҳматов | |
|---|---|
| | |
| Таваллуд |
1 июли 1905 |
| Даргузашт | 12 феврали 1990 (84 сол) |
| Ҷоизаҳо | |
| Навъи артиш | пиёданизом[d] |
| Рутба | Сарбоз |
| Набардҳо | |
Раҳимбой Раҳматов (1 июли 1905, вилояти Суғд — 12 феврали 1990) — аскари сурх, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1945).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳимбой Раҳматов соли 1906 дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун дуредгар аз соли 1920 оғоз ёфт. Солҳои 1924—1941 дар хоҷагии оби вилояти Ленинободи «Гострой»-и РСС Тоҷикистон ва дар Комбинати шоҳибофии Ленинобод дуредгарӣ кардааст.
Ширкат дар ҶБВ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1941 ба ҳимояи Ватан даъват шуд. Дивизияи ҷангие, ки тоҷикписар Раҳимбой Раҳматов дар он хизмат мекард, шаҳрҳои Ҷумҳурии Украина — Харков, Днепропетровск, Кривой Рог ва дигар минтақаҳои аҳолинишинро аз фашистони истилогар озод мекунад.
Раҳимбой Раҳматов дар набардҳои ҷангӣ панҷ маротиба захмӣ шуда, баъди табобат боз ба саф баромадааст.
Баъдан, бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 27 июни соли 1945 ба Раҳимбой Раҳматов унвони олӣ — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.
Инчунин, дар муҳорибаҳо барои ишғол кардани Германия ва Чехословакия иштирок карда, моҳи ноябри соли 1945 ба зодгоҳаш — шаҳри Ленинобод бармегардад. То хеле вақт ин тоҷикписари ҷасур намедонист, ки ӯро бо унвони қаҳрамонӣ сарфароз гардонидаанд. Баъди ду соли ҷанг, соли 1947, комиссари ҳарбии ноҳия дар вазъияти тантанавӣ ба Раҳимбой Раҳматов медали «Ситораи тилло», ордени Ленин ва Грамотаи Қаҳрамони Иттифоқи Советиро тақдим кард. Солҳои охир ӯ сардори бригадаи дуредгарони Заводи пахтатозакунии шаҳри Ленинобод буд.
Вакилӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳимбой Раҳматов аз ҳавзаи интихоботии Люксембург № 185, шаҳри Ленинобод, солҳои 1959—1963 ва бори дуюм аз ҳавзаи интихоботии Инқилоб № 58 шаҳри Ленинобод солҳои 1963—1967 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб гардид[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тиллои Некқадам. Вакилони халқ — иштирокчиёни ҶБВ(тоҷ.). Садои мардум (8 май 2021). 5 феврали 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2021.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сечкина Л. П. Твои Герои, Таджикистан. Душанбе, 1985. / стр.162—164.
- Зодагони 1 июл
- Зодагони соли 1905
- Зодагони вилояти Суғд
- Даргузаштагони 12 феврал
- Даргузаштагони соли 1990
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ