Маҳмад Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Раҳимов Маҳмад Забирович)
Маҳмад Раҳимов
вакил

Раҳимов Маҳмад Забирович — узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз 17 марти соли 2005.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

10 августи соли 1954 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст.

Cоли 1978 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм намуда, минбаъд дар ҳамон факултет ба сифати ассистент, муаллими калон, дотсент ва профессори кафедраи «Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ» фаъолият намудааст.

Аз соли 1985—1993 ба ҳайси муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ кор кардааст. Соли 1994 ба сифати мудири кафедраи «Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ»-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон интихоб шудааст. Соли 2000 рисолаи докториро ҳимоя намуда, сазовори унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардидааст. Соли 2001 профессори кафедраи "Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Бо фармони Президенти ҶТ аз 17 марти соли 2009 ба вазифаи Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН