Раҳим Марупов
Марупов Раҳим Марупович | |
Таърихи таваллуд | 27 ноябр 1936 |
Зодгоҳ | ноҳияи Истаравшан , ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 12 январ 2020 (83 сол) |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | техника |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ | академики АИҶТ |
Ҷоизаҳо |
![]() ![]() |
Раҳим Марупов (27 ноябри 1936 — 12 январи 2020[1]) — доктори илмҳои техникӣ (1985), профессор (1990). Академики (1997), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, (1993). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳим Марупов соли 1959 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст, ихтисос — «физика». Соли 1959 дар факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин чун ассистент ва муаллим фаъолияташро шурӯъ менамояд, солҳои 1961—1963 дар аспирантураи Институти физикаи АИ Белорус хонда, дар Институти физика ва техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶШС Тоҷикистон фаъолити илмиашро идома додааст.
- 1966—1986 — муовини директори Институти физикаву техникаи ба номи С. У. Умаров, АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1986—1991 — мудири шуъбаи физикаи полимерҳо, Институти физикаву техникаи ба номи С. У. Умаров,
- 1991—1999 — директори Пажуҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ, ва (2002—2005) директори ифтихории Пажуҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ,
- 2005—2020 — сарходими илмии Пажуҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ.[2]
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: спектроскопияи молекулавӣ, физикаи полимерҳо, физикаи молекулавӣ, химияи физикӣ.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Исследования инфракрасных спекторов целлюлёзы и новых типов её производных. — Д., 1964;
- Спектроскопия хлопка. — М., 1976;
- Результаты исследования заболевания хлопчатника вилтом в условиях Таджикистана. — Д., 1976;
- Спектроскопия волокно-образующих полимеров. — Д., 1977;
- Спектроскопия хлопка: Автореф. дис. на соискании учен. степени доктора тех. наук. — Минск, 1981;
- Молекулярная динамика целлюлёзного волокна. — Д., 1995.[3]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «Барои меҳнати шоён».
- «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- «Ветерани меҳнат» тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003).[4]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Даргузашти академик Раҳим Марупов
- ↑ Академик Р. М. Марупов
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 334.
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216с.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рахим Марупов. Библиографический указатель. — Д., 1996;
- Комилӣ А. Дар чорсӯи дониш. — Д., 2006;
- Рахим Марупов. Библиографический указатель. — Д., 2007.
- Зодагони 27 ноябр
- Зодагони соли 1936
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Истаравшан
- Даргузаштагони 12 январ
- Даргузаштагони соли 2020
- Докторони улуми техникӣ
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шоён»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Техникашиносони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Арбобони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон