Раҳматҷон Охунов
![]() |
Раҳматҷон Охунов | |
Раҳматҷон Охунов | |
Санаи таваллуд: | |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Мамлакат: | |
Фазои илмӣ: | |
Ҷойҳои кор: |
Пажӯхишгоҳи химияи АИ ҶШС Тоҷикистон,Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | |
Унвонҳои илмӣ: | |
Алма-матер: |
Раҳматҷон Охунов (6 январи 1945, деҳаи Унҷии ноҳияи Ғафуров) — кимиёдон, доктори илмҳои химия (1999), профессор (2001).
Зиндагинома[вироиш]
Раҳматҷон Охунов 6 январи соли 1945,деҳаи Унҷии ноҳияи Ғафуров) ба дунё омадааст. Факултаи табиатшиносии Институти омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кардааст (1969). Омузгори мактаби миёнаи № 42-и н. Хуҷанд (1969), сарлаборанти лабораторияи химияи маводи тозаи фторидии Пажӯхишгоҳи химияи ба номи В. И. Никитини АИ ҶШС Тоҷикистон (1969-71), аспиранти пажуҳишгоҳи номбурда (1971-74), ходими хурди илмӣ (1975-80), ходими калони илмӣи лабораторияи химияи маводи тозаи фторидии Пажӯхишгоҳи химияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1980-91), дотсент (1991-93), мудири кафедра (1993-99), дотсент (1999—2001), мудири кафедраи химияи умуми ва услуби таълими он дар ДДХ (аз с.2001). Сарвари сексияи химияи Академияи хурди илмӣ (аз с.1992). Барои тайёр кардани мутахассисони сохибунвони илмӣ саҳми арзанда дорад.
Осори илмӣ[вироиш]
Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ, 6 шаходатномаи муаллифи ва дастурҳои илмӣю таълими аз фанни химияи гайриорганики мебошад. Иштироккунандаи конфронсҳои умумииттифоки, конфронсҳои байналхалқи, минтакавию ҷумҳурияви (Душанбе, 1975; Новосибирск, 1981; Полевской, 1987; Череповетск, 1990; Гулистон, 2000; Душанбе, 1984, 1986, 2001, 2006; Хуҷанд, 2002;).
- Синтез безводных фторидов никеля и кобальта.//Изв. АН СССР, 1983, т.9;
- Химия фторидов марганца.// ВИНИТИ, 1984;
- Химия фторидов кобальта.// ВИНИТИ, 1985.[1]
Эзоҳ[вироиш]
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои ятим
- Википедия:Статьи с переопределением значения из Викиданных
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 6 январ
- Зодагони соли 1945
- Зодагони ноҳияи Ғафуров
- Докторони илмҳои химия
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
- Кимиёшиносони Тоҷикистон