Jump to content

Юсуф Раҳмон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Раҳмон Юсуф Аҳмадзод)
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҷикистон
04 феврали 2025 — то инҷониб
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Шерхон Салимзода
Ҷонишин Ҳабибулло Воҳидзода

Таваллуд 22 феврал 1966(1966-02-22) (59 сол)

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод (зод. 22 март 1966, ноҳияи Восеъ) — давлатмарди тоҷик. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (04 феврали 2025). Генерал-полковники адлия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Юсуф Раҳмон 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ дар хонаводаи тоҷик таваллуд шудааст. Соли 1991 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд[1].

  • Аз июли соли 1991 — муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе
  • Аз августи соли 1992 — муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.
  • Аз феврали соли 1993 — муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Аз ноябри соли 1993 — муфаттиши калон оид ба парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Аз декабри соли 1995 — прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе
  • Аз феврали соли 1997 — муовини сардори Раёсат — сардори Раёсати тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Аз октябри соли 1998 — прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
  • Аз июни соли 2002 — прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
  • Аз феврали соли 2004 — муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Аз 5 марти соли 2010 то 30 январи соли 2012 — Прокурори вилояти Суғд
  • Аз 30 январи соли 2012 то 14 декабри соли 2014 — сардори Раёсати амнияти ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Аз 14 декабри соли 2014 то 23 январи соли 2015 — Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Аз 23 январи соли 2015 то 04 феврали 2025 — Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Аз 4 феврали соли 2025 - Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Роҳбарият. Генеральная прокуратура Республики Таджикистан. 15 Январ 2023 санҷида шуд.