Раҷабмад Амиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Раҷабмад Амиров
Санаи таваллуд:

28 апрел 1954(1954-04-28) (65 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1974)

Раҷабмад Амиров (тав. 28 апрели 1954, деҳаи Балучои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик. Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1997), профессор (1992).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1974). Хизмат дар сафи Армияи Советӣ (1976 — 77), муаллими кафедраи корҳои маданӣ-маърифатии ДДСТ (1977 — 79), аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги ш. Ленинград ба номи Н. Крупская (1979 — 82), муаллими калони кафедраи маданӣ-маърифатӣ (1984), декани фак-ти корҳои маданӣ-маърифатӣ (1984 — 89), ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (1989 — 90) ва ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзода (1990—2001), муовини аввали Вазири фарҳанги ҶТ (2001 — 04), Вазири фарҳанги ҶТ (2004 — 07). Аз соли 2007 ректори Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Муаллифи зиёда аз 80 асару мақола оид ба масъалаҳои мухталифи фарҳанг. Раҷабмад амиров дар таҳияи Қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг», «Барномаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг», «Назарияи рушди фарҳанги Тоҷикистон», «Барномаи тарбияи эстетикии Тоҷикистон» фаъолона иштирок намудааст. Бо ордени Исмоили Сомонӣ (дараҷаи II) сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш]

  • Методика подготовки клубного сценария: Методические советы работникам клубных учреждений, Д., 1980;
  • Эҷодиёти дастаҳои ҳаваскорони санъат дар маишат, оила ва ҷои зист, Д., 1983;
  • Республиканская комплексная программа эстетического воспитания населения Таджикской ССР, Д., 1989;
  • Истиқлолияти фарҳангӣ, Д., 2001; Бозтоби фарҳанг, Д., 2005;
  • Фарҳанг дар ташаккули маънавиёт, Д., 2005.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]