Jump to content

Резина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Резина (лот. resina — зифт), вулканизат, маҳсулоти эластикиест, ки дар натиҷаи вулканизатсияи каучук ҳосил мешавад. Дар саноат резинаро аз омехтаи резиние ҳосил мекунанд, ки ба ғайр аз каучук ва моддаҳои вулканизатсиякунанда боз пластификатор, стабилизатор, пуркунанда ва диг. моддаҳои зарурӣ дорад.

Вобаста ба шароити истифода резина якчанд хел мешавад: резинаҳои таъйиноти умумӣ, гармибардор, хунукитобовар, ба таъсири равған, бензин, кислотаю ишқорҳо ва радиатсия устувор. Резинаҳои ноқили электрӣ ва диэлектрӣ низ мавҷуданд.

Саноати истеҳсоли резина барои бисёр соҳаҳои хоҷагии халқ деталу ҷиҳознои гуногун месозад. Резина ягона материалест, ки барои сохтани резинаи чархи (шинаи) мошину трактор истифода мешавад. Аа резина лентаҳои конвейерӣ, тасмаҳои техникӣ, дастпӯшак, пойафзол ва диг. ашёҳо тайёр мекунанд. Инчунин аз резина изолятсияи симҳои электр, рӯйпӯшҳои эластикии электргузарон, клапанҳои дил, найчаҳои хунгузароиӣ, деталҳои аппаратҳои наркоздиҳӣ ва ғайраҳо месозанд. Дар ҷаҳон соле зиёда аз 20 млн т. резина истеҳсол мешавад; 50%-и он барои истеҳсоли резиначархи автомобил ва 22%-аш барои тайёр кардани маснуоти техникии резинӣ сарф мегардад.