Рейнголд Глиэр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рейнголд Глиэр
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд олмонӣ: Reinhold Ernst Glier
укр. Рейнгольд Моріцевич Глієр
Таърихи таваллуд 30 декабр 1874 (11 январ 1875)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 июн 1956(1956-06-23)[4][2] (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ, хореограф, мусиқишинос, омӯзгори мусиқӣ, устоди донишгоҳ, оҳангсози филм, пиёнунавоз
Соз скрипка ва фортепиано[5]
Сабк опера[6], симфонӣ[6], мусиқии килоссик[d][6], мусиқии бумӣ[d][6] ва ballet[d][6]
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
State Stalin Prize, 1st degree Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС People's Artist of the Uzbek SSR People's Artiste of the Azerbaijan SSR Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Ҳунарпешаи шоистаи РСФСР Honored art worker of the Russian Soviet Federative Socialist Republic
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Рейнҳолд Морисевич Глиэ́р (ном ба ҳангоми таваллуд — Рейнҳолд Эрнест Глиэр; 30 декабр 1874 [11 январ 1875][1][2][3][…], Киив[1][4]23 июн 1956[4][2], Маскав[4]) — оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ, раҳбари мусиқии аҳли Русия ва Шӯравӣ. Артисти халқии ИҶШС (1938).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Консерваторияи Маскав (1900). Аз соли 1901 омӯзгорӣ кард; профессор (аз соли 1913) ва директори (аз соли 1914) Консерваторияи Киев; профессори Консерваторияи Маскав (1920—1941). Дар тамоми жанрҳои мусиқӣ кор кардааст. Аввалин балети шӯравӣ дар мавзӯи муосир — «Гули сурх» (1927) ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Осори Рейнҳолд Глиэр рушддиҳандаи суннатҳои мусиқии классикии рус буда, дар ташаккули фарҳанги мусиқии миллии Озарбойҷон («Шоҳсанам», 1927) ва Ӯзбекистон (операҳои «Лайлию Маҷнун»), 1949 ва «Гулсара», 1949; ҳар ду бо ҳамдастии Т. Содиқов) нақши муҳим бозидаанд. 5 опера, 3 симфония, чанд асари барномавии симфонӣ, увертюраҳо, консертҳо барои оркестр, чандин пйесаҳои созию овозӣ ва ғ. дорад. Солҳои 1938—1948 раиси Кумитаи ташкилии ИК ИҶШС буд. Шогирдони бисёре тарбия кардааст (Н. Я. Мясковский, С. С. Прокофев, Б. Н. Лятошинский, А. Н. Александров, А. А. Давиденко, Л. К. Книппер ва дигарон).

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дорандаи ҷоизаҳои давлатии ИҶШС (1946, 1948, 1950). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Риман Г. Глиэр (рус.) // Музыкальный словарь: Перевод с 5-го немецкого издания / под ред. Ю. Д. Энгель, пер. Б. П. ЮргенсонМ.: Музыкальное издательство П. И. Юргенсона, 1901. — Т. 1. — С. 366.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 Глиэр Рейнгольд Морицевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. Grove Music Online (ингл.)OUP. — ISBN 978-1-56159-263-0
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 6.4 Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит)Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гулинская З. К. Р. М. Глиэр. М., 1986;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.