Режис Блашер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Реҷис Блошер)
Jump to navigation Jump to search
Режис Блашер
фр. Régis Blachère
Régis Blachère (cropped).jpg
Таърихи таваллуд: 30 июн 1900(1900-06-30)[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 август 1973(1973-08-07)[1][2][3] (73 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: шарқшинос
Ҷойҳои кор:

Режис Блашер (фр. Régis Blachère; 30 июни 1900, Монрех7 августи 1973, Порис) — шарқшиноси машҳури фаронсавӣ, узви маҷмаи илмии арабӣ дар Димишқ.

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи факти адабиёти араби Донишгоҳи Алҷазоир. Солҳои 1924-35 дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Рибот дарс додааст. Солҳои 1942-45 сардабири маҷ. «Маърифат»-и Париж буд, ки ба ду забон — фаронсавӣ ва арабӣ нашр мегардид. Пас аз таъсиси маҷ. «Арабико» солҳои 1945-47 корманди ин маҷалла ва солҳои 1948-62 сардабири он ва ҳамзамон солҳои 1956-65 раиси Муассисаи мутолиоти исломӣ (дар фарҳангистони Париж) ва с. 1962 раиси Маркази забоншиносии арабӣ буд. Блошер таълифоти бисёре дорад, ки «Тарҷимаи Қуръони карим» ва «Таърихи адаби араб» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Адабиёт[вироиш]

  • Ислам: Энциклопедический словарь. М., 1991;
  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011;
  • عبدالرحمن بدوی. موسوعةالمستشرقین. بیروت،۱۹۹۳.؛
  • دانشنامۀجهان اسلام. ج۳.تهران،۲۰۰۴.؛
  • خیرالدینزرکلی. الاعلام. بیروت،۲۰۰۵.؛
  • دائرةالمعارفبزرگاسلامی. تهران،۲۰۰۶

Сарчашма[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. 3.0 3.1 Annuaire prosopographique : la France savante