Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ризошоҳ Паҳлавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ризошоҳ Паҳлавӣ
форсӣ: رضا پهلوی‎‎
رضا شاه پهلوی
моз. رضاشاء پهلوی
15 декабри 1925 — 16 сентябри 1941
Пешгузашта Аҳмадшоҳи Қоҷор
Ҷонишин Муҳаммадризо Паҳлавӣ
28 октябри 1923 — 1 ноябри 1925
Пешгузашта Hassan Pirnia[d]
Ҷонишин Mohammad Ali Foroughi[d]

Таваллуд 15 марти 1878(1878-03-15)[1]
Даргузашт 26 июли 1944(1944-07-26)[2] (66 сол)
Мадфан
Хонадон Дудмони Паҳлавӣ
Падар Abbas Ali Khan[d]
Модар Noush-Afarin[d]
Ҳамсар Тоҷ ул-Мулук[d], Mariam Savadkukhi[d], Turan Amirsoleimani[d] ва Esmat Dowlatshahi[d]
Фарзандон Hamdamsaltaneh Pahlavi[d], Ahmad Reza Pahlavi[d], Муҳаммадризо Паҳлавӣ, Ashraf Pahlavi[d], Фотима Паҳлавӣ, Shams Pahlavi[d], Abdul Reza Pahlavi[d], Prince Ali Reza Pahlavi[d], Gholam Reza Pahlavi[d], Hamid Reza Pahlavi[d] ва Mahmoud Reza Pahlavi[d]
Эътиқод шиъа
Соядаст
Ҷоизаҳо
Рутба генерали бригада[d]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ризо Паҳлавӣ ё Ризошоҳи Бузург (Маз. رضاشا, форсӣ: رضا پهلوی‎[3] — Ризо Паҳлавӣ ; 15 марти соли 1878, Мозандарон — 26 июли 1944, Йоханнесбург, Иттиҳоди Африқои Ҷанубӣ) — 34-умин шоҳаншоҳи Эрон аз 15 декабри соли 1925 (сардори муваққатии давлат аз 31 октябри соли 1925). — 15 декабри 1925), аввалин шоҳи сулолаи Паҳлавӣ .

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ризохон 15 марти соли 1878 дар деҳаи Алашти Шаҳристони Саводкӯҳи Устони Мозандарон дар хонадарони Аббос Алихон ва Нӯш-Офарин Айрумлу ба дунё омадааст.

Фаъолияти мехнатии худро аз аскари каторӣ дар Бригадаи казакҳои форсӣ оғоз намуда, то рутбаи генералӣ расид. Афсари эронӣ Ризо Паҳлавӣ соли 1921, бо кумаки ҳамсафони собиқ дар дивизияи казакҳо, ҳангоми авҷи нооромиҳо ва таҷовузи хориҷӣ, пойтахти Эронро бо ҷангҳо забт кард ва аз ҷониби Аҳмадшоҳи Коҷор ба унвони волии низомӣ ва сарфармондеҳ таъин шуд ва пас аз муддате — вазири ҳарбии давлат таъин гардид. Соли 1923 Пахлавӣ Сарвазири ҳукумат таъин шуд. Бо истифода аз мавқеъ ва нуфузи худ вай сарнагунии сулолаи Қоҷорро омода кард. Маҷлиси муассисони Маҷлиси Эрон 31 октябри соли 1925 дар бораи аз қудрат дур кардани Аҳмадшоҳи Қоҷор хабар дод. 12 декабри соли 1925 Ризохон шоҳи нави Эрон эълон шуд[4] ва 15 декабр савганди хукмрон шуданро қабул намуд ва бо ҳамин сулолаи Пахлавиро таъсис дод.

Дар навсозии кишвар саҳм гузоштааст. Соли 1935 аз давлатҳои хориҷӣ талаб кардааст, ки номгузории нав давлатро — Эрон — ба ҷои номи пештараи Порс расман истифода баранд.

Соли 1941, дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ӯ кӯшиш кард, ки Бритониёи Кабир ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷойгир кардани артишҳои худ дар Эрон монеъ шавад ва пас аз он аз ҷониби қувваҳои низомии иттифоқчиён Бритониёи Кабир ва Иттиҳоди Шӯравӣ маҷбур шуд, ки 16 сентябри соли 1941 аз тахт даст кашад .

Писараш Муҳаммадризо Паҳлавӣ ҷасади падарашро ба Эрон интиқол дод ва барои ӯ як мақбараи боҳашамат сохт, аммо пас аз Инқилоби исломӣ дар Эрон оромгоҳ бо фармони Оятуллоҳ таҳриб шуд.

  • Ордени Шер ва Офтоб, дараҷаи 1 (Порс, 1923)
  • Занҷири бузурги ордени офтоб (Подшоҳиии Афғонистон, 1928)
  • Ордени «Уқоби сафед» (Ҷумҳурии Полша, 1929)
  • Занҷираи ордени Муҳаммад Алӣ (Шоҳигарии Миср, 1932)
  • Занҷири ордени Ҳошимии (Шоҳигарии Ироқ, 1932)
  • Найвони ордени Серафим (Шветсия, 1934)
  • Найвони ордени Фил (Дания, 1937)
  • Салиби бузурги ордени Леополди I (Белгия, 1937)
  • Салиби бузурги Легиони фахрӣ (Ҷумҳурии сеюми Фаронса, 1937)
  • Найвони ордени Муқаддас (Подшоҳии Италиё, 1939)
  • Салиби бузурги ордени муқаддасони Маврикий ва Лазар (Подшоҳии Италиё, 1939)

Ҷузиёти таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Шоҳ комилан дар тамоми барориши ҳамаи асъорҳои, аввал давлати Порс, баъд Эрон аз соли 1928 то 1943 тасвир шудааст.
  • Тангаи тиллои форсӣ — Паҳлавӣ, ки аз соли 1927 сикка шудааст, низ ба шарафи ӯ номгузорӣ шудааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. ↑ SNAC (ингл.) — 2010.
  2. ↑ Arfa H. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. ↑ Historic Personalities of Iran: Reza Shah Pahlavi. iranchamber.com. 9 квітня 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 феврали 2026.
  4. ↑ Кругосвет. Реза-шах Пехлеви(пайванди дастнорас — таърих). 28 марти 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2012.

Шаблон:Шахиншахи ІрануШаблон:ПахлавіШаблон:Прем'єр-міністри Ірану