Рита Морено
Рита Морено | |
|---|---|
| исп. Rita Moreno | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд | исп. Rosa Dolores Alverío Marcano |
| Таваллуд | 11 декабр 1931[1][1][2][…] (94 сол) |
| Зодгоҳ | |
| Шаҳрвандӣ | |
| Касб | овозхон, ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи телевизион, раққоса, бозигари синамо, садопеша, ҳунарпеша |
| Солҳои фаъолият | 1942 — то ҳол |
| Ҷоизаҳо | |
| IMDb | ID 0001549 |
Рита Морено (исп. Rita Moreno; Роса Долорес Алверио Маркано (исп. Rosa Dolores Alverío Marcano); 11 декабри 1931) — ҳунарпеша, сароянда ва раққоси пуэрто-рикоӣ ва амрикоӣ. Соли 1977, вай сеюмин нафар ва дуюмин зан шуд, ки ҳама ҷоизаҳои асосии фароғатии ИМА-ро ба даст овард - Эммӣ, Грэммӣ, Оскар ва Тонӣ ва ӯ инчунин дуюмин нафар аз Пуэрто-Рико шуд, ки ҷоизаи «Оскар»-ро ба даст овард.[3]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рита Морено бо номи пурраи Роза Долорес Алверио Маркано 11 декабри соли 1931 дар беморхонаи Ҳумакао, Пуэрто-Рико таваллуд шудааст. Модараш Роза Мария (Маркано) (1912–1999) дӯзанда буд ва падараш Франсиско Хосе "Пако" Алверио (тав. 1908) деҳқон буд. Ӯро "Росита" меномиданд ва дар шаҳраки наздики Хункос ба воя расидааст.
Бобою бибии модариаш Хустино Маркано (аз Пуэрто-Рико) ва Тринидад (аз Испания) буданд[4]. Модари Морено соли 1936 ба шаҳри Ню-Йорк кӯчид ва духтарашро бо худ бурд, аммо писараш — бародари хурдии Морено, Франсискоро — набурд. Рита танҳо соли 2021 тавонист бо ӯ вохӯрад.
Ӯ насаби "Морено"-ро аз падархонаш Эдвард Морено — дуюмин шавҳари модараш — гирифт. Солҳои ҷавониашро дар шаҳраки Валлӣ Стрим, дар ҷазираи Лонг Айленди шаҳри Ню-Йорк гузаронидааст[5].
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба гуфтаи ҳунарпеша, солҳои 1950-ум ӯ бо ҳунарпешаи Ҳолливуд Марлон Брандо муносибати ҳаштсолаи ошиқона дошт[6]. Морено ҳатто аз ӯ ҳомиладор шуд, аммо Брендо ба исқоти ҳамл кардан ӯро водор намуд[6]. Пас аз исқоти ҳамл, Морено бо истифодаи миқдори зиёди доруҳои хобовар кӯшиши худкушӣ кард[7]. Дар мусоҳибаҳои худ, вай инчунин дар бораи муносибатҳояш бо Элвис Преслӣ, Энтонӣ Куинн, Деннис Ҳоппер ва Кеннет Тайнан сӯҳбат кард[8] [9] [10].
18 июни соли 1965 Рита Морено бо Леонард Гордон, ки мудири ӯ низ буд, издивоҷ кард. Аз ӯ, вай духтаре таваллуд кард, Фернанда Фишер[11]. Соли 2010 шавҳари ӯ вафот кард.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ Tikkanen A. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Rita Moreno(англ.). Speakers On Healthcare (August 2006). — Biography. 25 октябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2013.
- ↑ Rita Moreno: A Memoir. Celebra (Penguin Group). 2013. ISBN 978-0-451-41637-7. Archived from the original on October 25, 2021. Retrieved February 2, 2020. Unknown parameter
|url-status=ignored (help) - ↑ Rita Moreno joining Steven Spielberg's 'West Side Story' remake, Newsday (November 27, 2018).
- ↑ 6.0 6.1 Марк Хьюз. Rita Moreno: my affair with Marlon Brando nearly killed me(англ.). The Telegraph (17 February 2013). 26 июли 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 июни 2013.
- ↑ Cahalan, Susannah Rita Moreno tells all about her 'near-fatal' affair with Marlon Brando in memoir. New York Post (17 феврали 2013). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Январ 2018.
- ↑ Leonard, Tom I only dated Elvis to make Brando jealous: West Side Story star Rita Moreno reveals how the King was a flop in the bedroom. Daily Mail (4 апрели 2013). 1 июни 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2015.
- ↑ Gates, Anita Center Stage. The New York Times (31 май 2013). 1 июни 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 феврали 2017.
- ↑ McElwaine, Sandra Rita Moreno, SAG Life Achievement Award Winner, Talks Brando, Elvis And West Side Story. The Daily Beast (15 Январ 2014). 1 июни 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 июни 2015.
- ↑ Rita Moreno(англ.). Scott Stander & Associates, Inc. (July 2003). 25 октябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 Декабри 2013.
- Pages with citations using unsupported parameters
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 11 декабр
- Зодагони соли 1931
- Зодагони Пуэрто Рико
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Ҳунарпешазанҳои синамои ИМА
- Сарояндаҳои ИМА
- Сарояндаҳо аз рӯи алифбо
- Садопешазанҳои ИМА
- Ҳунарпешазанҳои театри ИМА
- Ҳунарпешазанҳои телевизиони ИМА
- Ҳунарпешазанҳо аз рӯи алифбо