Рихард Зорге
Рихард Зорге | |
|---|---|
| олмонӣ: Richard Sorge | |
| | |
| Таърихи таваллуд: | 4 октябр 1895[1][2][3] |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 7 ноябр 1944[4][5][1][…] (49 сол) |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Шаҳрвандӣ: | |
| Таҳсилот: | |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори фалсафа[d] |
| Ҳизб: | |
| Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, intelligence officer, диплумот, ҷосус |
| Падар: | Gustav Wilhelm Richard Sorge[d] |
| Мукофотҳо: | |
Ри́хард Зо́рге (олмонӣ: Richard Sorge; 22 сентябри 1895, Боку — 7 ноябри 1944, Токио) — ҷосуси шӯравӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ (1964).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш олмонӣ, модараш рус буд. Дар Олмон зиндагӣ мекард. Соли 1914 барои хидмат ба Артиши Олмон даъват шуд. Дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) ширкат намуда, се бор маҷрӯҳ шуда буд. Баъди хатми Донишгоҳи Берлин ба кори омӯзгорӣ ва рӯзноманигорӣ машғул буд. Соли 1917 ба Ҳизби сотсиал-демократӣ ва соли 1919 ба Ҳизби коммунистии Олмон дохил шуд. Соли 1924 ба ИҶШС омада, шаҳрванди шӯравӣ гардид. Аз соли 1929 дар мақомоти иктишофӣ (разведка) кор мекард. Ба ҳайси рӯзноманигори олмонӣ дар Олмон, Хитой, Ҷопон ва дигар кишварҳо фаъолият намуда, барои ИҶШС маълумоти муҳим ҷамъоварӣ мекард (1930-40). Дар арафаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ расман атташеи матбуотии сафорати Олмон дар Токио буд ва шахси боэътимоди сафир маҳсуб меёфт. Яке аз аввалинҳо шуда дар бораи шумораи дивизияҳои Олмон, ки тобистони соли 1941 дар сарҳади ИҶШС ҷамъ омада буданд, санаи ҳуҷум ва нақшаи умумии амалиёти ҷангии лашкари олмонӣ маълумот дод. Зорге аз тарафи полиси Ҷопон ба ҳабс гирифта (1941), ба ҷазои ҳукми қатл маҳкум шуд (1943).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- 1 2 Зорге Рихард // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зорге Рихард // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зодагони 4 октябр
- Зодагони соли 1895
- Зодагони Боку
- Даргузаштагони 7 ноябр
- Даргузаштагони соли 1944
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо