Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ричард Клайдерман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ричард Клайдерман
фр. Richard Clayderman
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд фр. Philippe Robert Luc Pagès[1]
Таърихи таваллуд 28 декабри 1953(1953-12-28)[2][3][4] (72 сол)
Зодгоҳ
Солҳои фаъолият 1976 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) пиёнунавоз, оҳангсоз, танзимкунандаи мусиқӣ, мусиқидон
Соз фортепиано
Сабк мусиқии сабук
Ношир(он) EMI[d]
Соядаст
Соядаст
richardclaydermanofficial.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор
Ричард Клайдерман ҳангоми баромад дар Тел-Авив, соли 2025

Ричард Клайдерман (фр. Richard Clayderman; номи аслӣ Филипп Паже́сфр. Philippe Pagès; зодаи 28 декабр 1953, Париж) — фаронсавӣ пианист, аранжировшиик, иҷрокунандаи мусиқии классикӣ ва мусиқии этникӣ, инчунин мусиқии кинофилмҳо мебошад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ машғулият бо фортепианоро хеле барвақт таҳти роҳбарии падараш, ки омӯзгори мусиқӣ буд, оғоз кард.

Дар синни 12-солагӣ ба консерватория дохил шуда, дар байни ҳамсолони 16-солаи худ ҷойи аввалро соҳиб гардид. Барои пардохти таҳсил ва ҳамзамон такмили маҳорати худ, ӯ ба навохтани фортепиано ба таври касбӣ оғоз намуд. Ӯ бо Мишел Сарду, Ле Люрон Терри(фр.) ва Ҷонни Холлидей ҳамкорӣ кардааст.

Соли 1976 ӯ ҳамроҳ бо бист пианисти дигар барои сабти балладаҳо ба санҷиш аз ҷониби як истеҳсолкунандаи сабтҳои мусиқӣ даъват шуд. Дар натиҷа маҳз ӯ интихоб гардид ва аз ҳамон замон маъруфияташ ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Асари маъруфи ҷаҳонии «Баллада барои Аделина» (фр. Ballade pour Adeline), ки онро Пол де Сенневил (фр. Paul de Senneville) навиштааст, инчунин композитсияҳои «Издивоҷ аз рӯи муҳаббат» (фр. Mariage d'Amour), Tango Cumparsita ва A Comme Amour ӯро ба ситора табдил доданд. Аз ин асарҳо дар беш аз 30 кишвари ҷаҳон 22 миллион нусха фурӯхта шудааст.

То имрӯз Клайдерман зиёда аз 1200 асари мусиқӣ сабт намуда, беш аз 100 диски компактӣ бо теъдоди умумии тақрибан 90 миллион нусха ба нашр расондааст.