Розия Абдуллоева
Розия Ҳакимовна Абдуллоева | |
Таърихи таваллуд | 1955 |
Зодгоҳ | ш. Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илми педагогӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | ДДОД ба номи Т. Шевченко |
Маъруф ба |
|
Ҷоизаҳо | нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000) |
Розия Ҳакимовна Абдуллоева – омӯзгори тоҷик, олим, номзади илмҳои педагогӣ (2004), дотсент (2007).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Розия Абдуллоева солҳои 1980–1985 дар факултети забон ва адабиёти руси ДДОД ба номи Т. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1985–1987 котибаи қабулгоҳи ректор, 1987–2001 муҳаррири калон оид ба корҳои табъу нашр дар қисми илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2001 то ба имрӯз ба ҳайси котиби илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад. Муддати 15 сол аст, ки дар кафедраи педагогикаи умумии донишгоҳ фаъолияти омӯзгорӣ мебарад. Соли 2004 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тарбияи эстетикии толибилмони синфҳои болоии мактабҳои маълумоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равиши корҳои беруназсинфӣ» дифоъ кардааст. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ, як монография ва 4 дастури таълимию методӣ мебошад. Дар корҳои илмияш масъалаҳои тарбияи эстетикии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муносибати фардӣ ба бачаҳо ва дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ намудааст. Барои хидматҳояш дар соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000), ифтихорномаҳо ва раҳматномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ мукофотонида шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Эстетическое воспитание учащихся старших классов школ Республики Таджикистан в процессе внеклассной работы, Д., 2009;
- Методическое руководство для классных руководителей по привитию учащимся старших классов эстетического вкуса (учебно-методическое пособие), Д., 2009; Учебно-методическое пособие для родителей, Д., 2009;
- Роль театра в эстетическом воспитании школьников старших классов общеобразовательных школ // Сб. научных трудов «Душанбе – центр просвещения», Д., 2004;
- Современные проблемы индивидуального подхода к детям // Вестник ТГПУ им С. Айни, Д., 2009, № 2(34); Роль эстетического воспитания в развитии подрастающего поколения // Вестник ТГПУ им. С. Айни, Д., 2009, № 2(34).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |