Jump to content

Розӣ Юлдошевич Маханов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маханов Розӣ Юлдошевич (тав. 1946, ноҳияи Ленин (имрӯза Рӯдакӣ), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1982), дотсент (1988).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1964–1968 донишҷӯи факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1968–1971 ассистенти кафедраи геометрия ва анализи математикии донишкадаи номбурда, 1971–1972 афсари Артиши Шӯравӣ, 1972–1997 муаллими Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин буд. Солҳои 1994–1997 дар докторантура таҳсил кардааст. Оид ба ташаккули малакаҳои умумии алгоритмии хонандагон бо ёрии забони блоксхема дар таълими математика кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 40 таълифоти илмию методӣ мебошад.

  • Ташаккулёбии маданияти алгоритмии хонандагон // Мактаби советӣ, 1980, № 3.