Романтизм
Романтизм — тасвири асари бадеӣ дар илми адабиётшиносӣ, ҳастии ҷомеа ва ҳаёти воқеиро тасвир менамояд. Нависанда ба воситаи тахайюл ҳақиқати воқеиро ба ҳақиқати бадеӣ мубаддал месозад.
Ду роҳи ба ҳақиқати бадеӣ табдил ёфтани ҳақиқати воқеӣ вуҷуд дорад. Яке, воқеаи тасвиршаванда аз ҷиҳати ҳаҷму ҳудуд ва замону макон ба тағйироти куллӣ дучор меояд ва ин тасвири романтикӣ ном дорад. Дигаре, воқеаи тасвиршаванда аз ҳақиқати зиндагӣ фарқи зиёд надорад ва ин тасвири реалистӣ номида мешавад. Ин ду тарзи тасвири асари бадеӣ дар илми адабиётшиносӣ ду методи эҷодиро ба вуҷуд овардааст, ки романтизм ва реализм ном гирифтаанд.
Романтизм ва реализм чун истилоҳҳои адабӣ нимаи аввали асри ХIХ дар Аврупо пайдо шудаанд. Вале тасвирҳои романтикӣ ва реалистӣ диққати мутафаккирони xаҳонро аз давраҳои қадим ба худ xалб намудаанд.
Романтизм (фаронсавӣ — роман) чунин методи эҷоди бадеист, ки мувофиқи он ҳаёти воқеӣ дар асар ба таъбири философи немис В. Шеллинг (1755—1854), «на чунон ки ҳаст, балки чунон ки мебояд» тасвир мешавад. Тасвирҳои романтикӣ дар осори адибони классикии форсу тоҷик ба воситаи ифодаи ғояҳои халқпарварона, шоҳи одилу афсонавӣ, асотир, ҳаёти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва ғайра фароҳам омадаанд. Баёни рамзиву тамсилӣ ва муболиғаомез чун усули истифодаи асарҳои романтикӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик ҳам мавқеи муносиб дорад. Дар достонҳои Низомӣ («Искандарнома»), Амир Хусрав («Ойинаи Искандарӣ»), Ҷомӣ («Хирадномаи Искандарӣ») образҳои подшоҳони одилу некукирдор ва халқпарвару хирадманд офарида шудаанд. Дар охири ин асарҳо мамлакати обод ва мардумони озод ба тасвир омадааст, ки дар ҷомеаи инсонӣ то ҳол чунин мамлакати идеалӣ вуxуд надорад. Моҳияти тасвирҳои романтикӣ хонандаро ба шавқу завқ оварда, тасвирҳои боиси диққатҷалбкунандагии мундариҷаи асари романтикӣ мегардад. Бинобар ин, гоҳо адибон асарҳояшонро бо манзараҳои табиат ва дигар тасвирҳои xолиби романтикӣ ҳусни оғоз мебахшанд. Аз ин ҷиҳат, боби аввали романи «Дохунда»-и С. Айнӣ — «Дараи ниҳон» ҷолиби диққат аст. Дар ин боб манзараи табиии яке аз дараҳои кӯҳистони ҳисори Шодмон, ки ишқи Ёдгору Гулнор аз он сарчашма мегирад, тасвир ёфтааст. Махсусан, тасвири чашмаҳои кӯҳии Дараи ниҳон дар фасли баҳор назаррабо ва мафтункунанда мебошад. Нависанда шаффофии ҷӯйчаҳоро ба ойина ва софии оби ҷӯйчаҳоҳоро ба алмоспора монанд мекунад ва сабаби ин софкориро муболиғаомез «аз санг гузаронида» меноманд: «Оби ин ҷӯйчаҳо чунон соф аст, ки гӯё аз санг гузаронида софкориаш карда бошанд, монанди алмоспора беғубор менамояд… Канор ва замини ин ҷӯйчаҳо аз сангпораҳо бино ёфтааст, ки ба сабаби шустушeйи ҳамешагии об монанди ойина шаффоф шудааст». Тасвирҳои бадеӣ ба хонанда завқи бадеӣ ва лаззати эстетикӣ бахшида, ӯро ба дарки амиқи фалсафаи зиндагӣ раҳнамун месозад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Худойназар Асозода, Аламхон Кӯчаров. Адабиёти тоҷик. (давраи нав) — Д., 2006. — С. 109—110
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |