Роман Ингарден
Роман Ингарден | |
|---|---|
| лаҳӣ: Roman Ingarden | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 5 феврали 1893[1][2][3][…] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 14 июни 1970[1] (77 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | фалсафа, Беркли, Ҷорҷ, падидоршиносӣ, ҳастишиносӣ ва зебоишиносӣ |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
| Шогирдон | Jan Vetulani[d] |
| Ҷоизаҳо | |
Роман Витолд Ингарден (5 феврали 1893, Краков, Лаҳистон — 14 июни 1970, ҳамон ҷо) — файласуфи поляк, намояндаи ҷараёни фалсафии феноменология.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фалсафа ва риёзиро дар донишгоҳҳои Лвов, Ҳётинген ва Фрайбург омӯхт. Рисолаи докториашро соли 1918 дар ҳузури Э. Ҳуссерл дифоъ кард. Дар гимназияҳои Люблин, Варшава ва Торунии Лаҳистон дарс гуфт. Дотсент (1924) ва проф. Донишгоҳи Лвов (1933-41). Дар даврони истилои Лаҳистон аз ҷониби Ҳитлер (1941-44) Ингарден ба тадриси махфиёна машғул буд ва рӯи муҳимтарин асари худ «Мубоҳиса дар бораи мавҷудияти олам» кор кард. Соли 1944 ба Донишгоҳи Лвов баргашт. Ба ҳайси проф. Донишгоҳи Н. Коперники ш. Торун (1945-46) ва Донишгоҳи Ягеллонскийи ш. Краков (1946-63) кор кард. Бештар ба маърифатшиносӣ, ҳастишиносӣ ва зебоишиносӣ машғул буд. Муаллифи якчанд асар дар мавзӯъҳои арзишшиносӣ, инсоншиносӣ ва фалсафаи забон. Дар ибтидо асосан ба забони олмонӣ эҷод мекард, вале дар айёми Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ба забони полякӣ ба навиштан шурӯъ намуд. Як қатор асарҳои фалсафиро аз забони олмонӣ ба лаҳистонӣ тарҷума кард: «Танқиди соф»-и И. Кант яке аз онҳо мебошад. Узви Академияи донишҳои Лаҳистон (то соли 1951) ва АИ Лаҳистон (1957). Бо роҳиба Эдит Штайн, ки баъдтар ба силки қудсиён дароварда шуд, мукотиба дошт.
Бахши бештари таҳқиқоти Ингарден ба масоили шинохт (маърифатшиносӣ) тааллуқ дорад, ки онро ӯ ҳамчун таҳқиқоти априорӣ (бедалел) тавзеҳ медиҳад. Ба андешаи ӯ, мавзӯи шинохт на он чизест, ки воқеан вуҷуд дорад, балки чизиест, ки имкони вуҷуд доштан дорад. Шинохтро ӯ бо мовароуттабиа муқобил гузоштааст ва кӯшиши посух додан ба пурсиши он чизҳое кардааст, ки аллакай вуҷуд доранд. Ингарден идеализми фаросӯии Ҳуссерлро (таълимот дар бораи мавҷудияти «олами воқеӣ»-и вобастаи шуур) рад кардааст. Ба назари ӯ, масъалаи идеализм-реализм масъалаи мовароуттабиа буда, онро аз назари ҳастишиносӣ тавассути таҳқиқи иртиботи имконпазир байни шуур ва олам баррасӣ кардан мумкин аст. Дар асари «Мубоҳиса дар бораи мавҷудияти олам» Ингарден кӯшиш кардааст, ки воситаҳои имконпазири ҳастӣ ва таносуби эҳтимолии онро тавсиф намояд. Ӯ ҳастишиносиро ба формалӣ, моддӣ ва вуҷудӣ тақсим кардааст. Вай намояндаи зебоишиносии феноменологӣ буда, ғояҳои Ҳуссерлро дар бораи зебоишиносӣ инкишоф додааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Intuition und Intellekt bei Henri Bergson. Halle: Max Niemeyer, 1921;
- Essentiale Fragen. Ein Beitrag zum Problem des Wesens. Halle: Max Niemeyer, 1925;
- Bemerkungen zum Problem Idealismus-Realismus // Jahrbuch für Philosophie und Phänomenologische Forschung. Halle, 1929;
- Das literarische Kunstwerk. Eine Untersuchung aus dem Grenzgebiet der Ontologie, Logik und Literaturewissenschaft. Halle: Max Niemeyer, 1931;
- Очерки по философии литературы. Благовещенск, 1999;
- Введение в феноменологию Эдмунда Гуссерля. М., 1999;
- Книжечка о человеке = Książeczka o człowieku / Сост. Е. С. Твердисловой. М., 2010.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
- ↑ Babelio (фр.) — 2007.
- 1 2 Deutsche Nationalbibliothek Record #118555588 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ингарден Роман Витолд / У. Камолов // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.
- Фарбер М. Субъективизм и проблема объективного мира (Памяти Романа Ингардена) // Философские науки. № 6. 1974;
- Философский энциклопедический словарь. М., 1989;
- Roman Stanisław Ingarden. Roman Witold Ingarden. Toruń: Wydawnictwo UMK, 2000.