Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ромен Роллан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ромен Роллан
фр. Romain Rolland
Таваллуд 29 январ 1866(1866-01-29)[1][2][3][…]
Даргузашт 30 декабр 1944(1944-12-30)[4][1][2][…] (78 сол)
Шаҳрвандӣ (табаият)
Навъи фаъолият нависанда, намоишноманавис, мақоланавис, муаррих, румоннавис, мусиқишинос, насрнавис, зиндагиноманавис, мусиқидон, омӯзгор
Солҳои эҷод аз 1888
Забони осор фаронсавӣ[1][6]
Ҷоизаҳо
Соядаст соядаст
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Ромен Роллан (фр. Romain Rolland [ʁɔlɑ̃]; 29 январи 1866, Кламесӣ — 30 декабри 1944, Везелай) — нависанда, ходими ҷамъиятӣ, драматург ва мусиқишиноси фаронсавӣ. Узви ифтихории хориҷии Академияи илмҳои ИҶШС (29 марти 1932). Барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1915): «Барои идеализми баланди осори адабӣ, ҳамдардӣ ва муҳаббат ба ҳақиқат».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ромен Роллан соли 1866 дар шаҳри Кламесӣ (департаменти Ниевре, Бургундия) дар оилаи нотариус ба дунё омадааст. Соли 1881 дар чордаҳсолагӣ ба ҳамроҳи хонаводааш барои таҳсил роҳии Порис шуд. Дар наврасӣ бо афкори Бенедикт Спиноза ошно шуд ва Лев Толстойро кашф кард. Дар соли 1889 дар риштаи таърих идомаи таҳсил дод ва дар соли 1895 ба Рум рафт ва дар риштаи ҳунар унвони докториро гирифт. Рисолаи доктории ӯ дар бораи таърихи операи Аврупо пеш аз Жан-Батист Люлли ва Алессандро Скарлатти аст.

Пас аз гирифтани унвони докторӣ, се сол дар «мактаби олӣ» ба тадриси таърихи ҳунар машғул буд ва аз он пас давраи кӯтоҳе дар Донишгоҳи Сорбон таърихи мусиқӣ тадрис кард ва сипас дар соли 1912 ба навиштан рӯй овард ва тӯли ҳашт сол, то соли 1904, романи 10-ҷилдии «Жан-Кристоф»-ро ба риштаи таҳрир даровард.

Ромен Роллан инсони сулҳдӯсте буд. Ӯ ба даъвати Максим Горкий дар соли 1935 ба Шӯравӣ рафт ва бо Сталин мулоқот дошт[7]. Алорағми тамоюл ба андешаҳои Маркс, алайҳи Сталин ва ҳукумати Шӯравӣ мақолаҳои мутааддиде мунташир намуд. Дар соли 1914 ба Швейтсария рафт ва 23 сол аз умри худро дар он ҷо гузаронд. Дар ҳамон ҷо бо Маҳатма Гандӣ ошно шуд.

Зиндагии хусусӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ ду бор издивоҷ кард. Бори аввал дар соли 1892 бо Клотилда Бреал, ки нуҳ сол бештар давом наёвард, ва бори дигар, пас аз 33 соли танҳоӣ, дар соли 1934 бо Мария Кудашева издивоҷ кард[8], ки ин издивоҷ то поёни умри Ромен идома ёфт.

  1. 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Discogs(англ. амр.) — 2000.
  4. 4.0 4.1 4.2 Роллан Ромен // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. Identifiants et Référentiels (фр.)ABES, 2011.
  6. CONOR.Sl
  7. Мотылёва Т. Московский дневник Ромена Роллана // Вопросы литературы : Журнал. — 1989. — № 3.
  8. Дворянские роды Российской империи.- Т.3.- М., 1996.- С.169.