Роёнома
Роёнома (англ. e-mail) — равише барои табодули паём («нома») байни афроде аст, ки аз васоили электируникӣ истифода мекунанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин истифодаи маҳдуд аз роёнома дар даҳаи 1960 ба вуқӯъ пайваст, дар он замон корбарон фақат метавонистанд барои корбарони ҳамон роёна, имейл ирсол кунанд. Бархе аз системҳо ҳамчунин навъе паёмрасонии фаврӣ ироа мекарданд, тавре, ки фиристанда ва гиранда бояд ҳамзамон бархатт (онлайн) мебуданд. Рэй Томлинсон ба унвони мухтареъи роёномаи шабакаӣ (имрӯзӣ) шинохта мешавад. Ӯ бо истифода аз аломат @ (эт сайн) номи корбариро бо сервери мақсад пайванд дод ва дар соли 1971 аввалин системеро сохт, ки қодир ба ирсоли паём байни корбарон дар мизбонҳои мухталиф дар саросари ARPANET буд. Дар миёнаҳои даҳаи 1970, ин равиш ба унвони роёнома шинохта шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ (2008) «RFC 5321 – Simple Mail Transfer Protocol». Network Working Group. doi:10.17487/RFC5321.