Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Роҳи автомобилгарди Душанбе—Хуҷанд—Чаноқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд – Чанак — ба воситаи роҳхати ДушанбеАйнӣШаҳристонИстаравшанХуҷандБӯстонЧанак (сарҳади Ӯзбекистон) мегузарад.

Таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак (сарҳади Ӯзбекистон), ки 411 км дарозӣ дорад ва нақби Шаҳристон дар солҳои 2005-2008 ба анҷом расидааст. Роҳи автомобилгард пойтахти Тоҷикистон Душанберо тамоми сол бо ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ мепайвандад. Роҳи автомобилгард низ аз ба воситаи ағбаи Анзоб (ки дар роҳи автомобилгарди Душанбе—Хуҷанд—Чаноқ) дар масофаи 80 км дуртар аз шаҳри Душанбе дар баландии 3372 метр ноҳияқои Варзоб ва ноҳияи Айнӣ мепайвандад, дар қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир аст, мегузарад. Мушкилии фасли зимистон намегузошт, ки (5 — 6 моҳ ағбаи Анзоб пушида буд) мусофирон ба воситаи ин роҳ рафту омад намоянд. Дарозии нақб — 5040 м Роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак бо харҷи қариб 1 миллиарду 430 миллион сомонӣ навсозӣ шуд. Барои бунёду таҷҳизи Нақби автомобилгарди Шаҳристон бошад, ки дарозиаш 5253 метр мебошад бо 5289 метр нақби ҳаводиҳандааш қариб 430 миллион сомонӣ равона гардидааст. Солҳои тӯлонӣ ҳангоми гузаштан аз ин ағба, хусусан дар фасли зимистон бар асари бориши пай дар пай, фаромадани тарма ва садамаҳои зиёди нақлиётӣ талафёбии молу маҳсулот ва ҳатто ҳодисаҳои ба ҳалокат расидани ронандагону мусофирон ба мушоҳида мерасид.

То ин вақт мусофирон роҳи миёни шимолу ҷануби кишвар ё худ миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро дар 10-15 соат тай мекарданд, ҳоло бошад ин кор дар 3-4 соат анҷом меёбад.[1].

Аҳамияти лоиҳа ва истифодаи он

[вироиш | вироиши манбаъ]

Лоиҳаи бузургтарини сохтмони роҳи мошингард, ки тӯли солҳои истиқлолият амалӣ шуд, таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чанок (сарҳади Ӯзбекистон) бо масофаи 336 км боқӣ мемонад. Барои анҷоми ин корҳо ҳудуди 300 млн доллар, аз ҷумла ҳудуди 290 млн доллар аз ҳисоби қарзи Чин ва ҳудуди 15 млн доллар аз буҷет равона шуд.[2]

Роҳи мазкур охири соли 2008 мавриди истифода қарор гирифта, моҳи апрели соли 2010 бар асоси шартномаи консессионӣ он ба ихтиёри ширкати «Innovative Road Solutions Ltd» дода шуд, ки як сол пеш дар офшори Ҷазираҳои Бритониёии Вирҷин ба қайд гирифта шуда буд.[3]

Аз ҳамон вақт филиали ин ширкат тариқи механизми толлингӣ зерсохтори роҳи мошингарди мазкурро идора мекунад. Агар соддатар бигӯем, равуо тариқи ин роҳ пулакӣ шуд. Мувофиқи консессия, филиали IRS аз ҳисоби ҷамъоварии маблағ танҳо ба корҳои дар ҳолати хуби коршоям нигоҳ доштани роҳ машғул буда, қарзи Чин аз ҳисоби буҷет баргардонида мешавад.

Дар ин роҳ се нақб бо масофаи умумиии 11,3 километр сохта шуд. Ин аз ҷумла, нақби 5-километраи Нақби Истиқлол (зери ағбаи Анзоб) мебошад, ки барои сохитмони он 39 млн доллар, аз ҷумла 21,2 млн доллар қарз, 10 млн доллар грантҳои ҳукумати Эрон ва 7,8 млн доллар ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон истифода шуд. Ҳамчунин дар ин роҳ Нақби Шаҳристон (ҳудуди 5252 метр) ва Нақби “Дӯстӣ” (1047 метр) сохта шуданд. Ин иншоот аз ҳисоби қарзи Чин мутаносибан ба маблағи 88,4 млн доллар ва 13,7 млн доллар мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ғайр аз ин, дар ин роҳ аз ҳисоби гранти ҳукумати Покистон ба маблағи ҳудуди 5 млн доллар 4 долони зиддитарма бо масофаи умумии 400 метр сохта шуд.[4]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]