Роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд – Чанак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд – Чанак — ба воситаи роҳхати ДушанбеАйнӣШаҳристонИстаравшанХуҷандБӯстонЧанак(сарҳади Ӯзбекистон) мегузарад.

Таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак (сарҳади Ӯзбекистон) , ки 411 км дарозӣ дорад ва нақби (тоннели) Шаҳристон дар солҳои 2005-2008 ба нҷом расидааст. Роҳи автомобилгард пойтахти мамлакат Душанберо тамоми сол бо нохияҳои Тоҷикистони Шимолӣ мепайвандад Роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд - Чанак бо харҷи қариб як миллиарду 430 миллион сомонӣ навсозӣ шуд. Барои бунёду таҷҳизи Нақби автомобилгарди Шаҳристон бошад, ки дарозиаш 5253 метр мебошад бо 5289 метр нақби ҳаводиҳандааш қариб 430 миллион сомонӣ равона гардидааст. солҳои тӯлонӣ ҳангоми гузаштан аз ин ағба, хусусан дар фасли зимистон бар асари боришоти пай дар пай, фаромадани тарма ва садамаҳои зиёди нақлиётӣ талафёбии молу маҳсулот ва ҳатто ҳодисаҳои ба ҳалокат расидани ронандагону мусофирон ба мушоҳида мерасид.

То ин вақт мусофирон роҳи миёни шимолу ҷануби кишвар ё худ миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро дар 10-15 соат тай мекарданд, ҳоло бошад ин кор дар 3-4 соат анҷом меёбад.[1].

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]