Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Роҳи мошингарди Кангурт - Балҷувон - Ховалинг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Роҳи мошингарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг — дар Вилояти Хатлон навсозӣ гардида : августи соли 2019 мавриди истифода супорида шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Балҷувон вилояти Хатлон роҳи мошингарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди истифода қарор дод. Роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг валангор шуда буд ва ронандагону мусофирон ҳангоми рафту омад ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд.

Роҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон навсозӣ гардида, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба истифода дода шуд.

Тибқи иттилоъ, роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг қариб 43 километрро ташкил дода, паҳноии он 7 метр мебошад. Роҳи автомобилгард пурра асфалтпӯш карда шуда, бо саҳми Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои гранти Бонки Осиёии Рушд сохта шудааст.[1].