Роҳи оҳани Душанбе - Бохтар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Роҳи оҳан.

Роҳи оҳани Душанбе - Бохтар - сохтмони роҳ бо мақсади пайваст намудани пойтахти Тоҷикистон, ш. Душанбе бо маркази вилояти Хатлон, ш.Бохтар соли 2009 шурӯъ шудааст. Ин амал баъд аз хотима ёфтани амалиёти нақлиётии роҳи оҳани Тирмиз - Бохтар аз ҷониби Узбекистон ба миён омада буд. Дар моҳи майи соли 2015 12 км роҳ пурра бунёд ёфта, дар масофаи қариб 30 километри дигар корҳои заминӣ барои оғози насби релсҳо ба поён расонда шудаанд. Ҳоло сохтмони қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани Душанбе - Бохтар идома дорад. Масофаи умумии қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани Душанбе - Бохтар 40,7 км буда, дар масири он 3 нақб бо дарозии 3755 м, 5 пул бо тӯли 681 м ва иншооти дигар, аз ҷумла 3 истгоҳ бунёд хоҳанд ёфт. Барои бунёди ин қитъаи роҳи оҳан, тибқи лоиҳа ҷудо намудани 800 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.[1] Дар вилояти Хатлон иншоотҳои калонтарини Нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон - Нерӯгоҳи барқии обии Норак, НБО Сангтӯда-1, НБО Сангтӯда-2 ва якчанд корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд, ки барои таъмини онҳо роҳи оҳан зарур аст. Инчунин, роҳи оҳани Душанбе - Бохтар барои мубодилаи тиҷоратии Тоҷикистон бо Афғонистон аз аҳамият холӣ нест.

Пайвандҳо[вироиш]

  1. ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ ҚИТЪАИ ВАҲДАТ - ЁВОНИ РОҲИ ОҲАНИ ДУШАНБЕ - ҚӮРҒОНТЕППА(тоҷ.). jumhuriyat.tj. Сайти расмиии Ҷумҳурият jumhuriyat.tj. 8 октябри 2018 санҷида шуд.