Рубоиёти Рӯдакӣ
Зоҳир
Омад бари ман
[вироиш | вироиши манбаъ]- Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар.
- Тарсанда зи кӣ? Зи хасм! Хасмаш кӣ? Падар.
- Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар.
- Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!
Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил,
- Бе рӯйи туям на ақл барҷост, на дил.
- Ин ғам, ки марост, кӯҳи Қоф аст, на ғам,
- Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |