Jump to content

Рустами Абдураҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рустами Абдураҳим
Рустам Абдураҳимов
Таърихи таваллуд 5 май 1938(1938-05-05)
Зодгоҳ ноҳияи Муъминобод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 24 октябр 1992(1992-10-24) (54 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) дуторнавоз, оҳангсоз
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1993)

Рустами Абдураҳим (Рустам Абдураҳимов; 5 май 1938, Момандиён, ноҳияи Мӯъминобод24 октябр 1992, Душанбе) — навозанда ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1993, баъди даргузашт).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо дар соли 1966 хатм намуда, дар макотиби миёнаи шаҳри Кӯлоб аз забони англисӣ дарс додааст. Аз соли 1991 директори маркази илмӣ-методии Хонаи эҷодиёти халқ ва муддате сардори раёсати фарҳанги собиқ вилояти Кӯлоб буд.

Дар навохтани дутор дасти боло дошт, оҳангҳои зиёде аз қабили «Хайрбод», «Гулгашти Самарқанд», «Навои Хатлон», «Навои Моман­диён», «Нӯшбод», «Аллаи модар», «Сӯзи булбул», «Баргрез», «Дарди ишқ», «Фироқ», «Гулафшон», «Сӯзи дил», «Ҷилваи кокул», «Андалеб» ба ёдгор гузоштааст. Оҳангҳои баргузидаашро фирмаи «Мелодия»-и Маскав ба тариқи стерео дар қарта сабт намуда, дастраси умум гардондааст. Иштирокдори бисёр ҷашнвораҳои мусиқанавозон буд.

Фаъолияти сиёсӣ ва кушта шудан[вироиш | вироиши манбаъ]

Рустам Абдураҳим, раҳбари созмони «Ошкоро», ки дар ҳаводиси соли 1992 аз Фронти халқӣ ҳимоят мекард, 24 октябри соли 1992 дар сини 54-солагӣ дар Душанбе кушта шуд[1].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барандаи чандин ҷоизаву дипломҳои озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ буда, дар Симпозиуми мусиқии фолклории шаҳри Ленинград барои иҷрои навои Карими Шиш «Хайрбод» ба дипломи дараҷаи якум қадр шудааст[2].

Бузургдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Нимпайкараи Рустам Абдураҳим дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб гузошта шуда[1] ва Осорхонаи Рустами Абдураҳим низ дар ҳамин шаҳр боз шудааст[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Маҳмудҷон Раҳматзода. Бозкушоии нимпайкараи Рустами Абдураҳим дар Кӯлоб(тоҷ.), Радиои Озодӣ (6 май 2016). Проверено 16 Январ 2024.
  2. Обидпур Ҷ., Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б. Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 9 — 480 с. — ISBN 978-999-47-43-90-2
  3. Шахлои Рустам. Вечный звон дутара. Народная газета (4 июли 2018). 16 Январ 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2024.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.