Рустам Бобоҷонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рустам Бобоҷонов
Рустам Мирзоевич Бобоҷонов
Таърихи таваллуд 28 март 1954(1954-03-28) (70 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти тадқиқоти илмии меҳнати Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Рустам Мирзоевич Бобоҷонов (тав. 28.03.1954, ш. Душанбе) — омӯзгор, номзади илмҳои иқтисод (1983), дотсент (2005), узви вобастаи Академияи муҳандисии ҶТ (2019).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Рустам Мирзоевич Бобоҷонов хатмкардаи факултети иқтисодии шуъбаи иқтисодиёти сиёсии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1970—1975). Солҳои 1975-77 коромӯзи илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои СССР, 1977-1980 аспиранти рӯзонаи Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои СССР, 1981-92 ходими хурди илмӣ, ходими калон, ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, 1992-1996 директори Институти тадқиқоти илмии меҳнати Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1997-2015 корманд ва роҳбари якчанд лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, 2015 то имрӯз мудири шуъбаи Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Аз моҳи сентябри соли 1987 то июни соли 1989 ба ҳайси дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст (ҳамзамон) ва ба донишҷӯёни курси 3 ва 4-уми шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона «Усулҳои таълими ибтидоӣ» фанни «Иқтисоди сиёсӣ»-ро таълим додааст. Рисолаи номзадиро дар мавзуи “Проблемаҳои минтақавии такрористеҳсолкунӣ ва истифодаи қувваи корӣ» дифоъ кардааст (1983).

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Социально-экономические фактори подготовки человека к труду // Дар кит.: Социально-экономические проблеми развития Таджикской ССР. Д., 1984;
  • Проблемы социального отчуждения и развитие человеческого потенциала Республики Таджикистан, 2012;
  • Миграционная ситуация современного Таджикистана // Результаты социо-экономического исследования. Д., 2016;
  • Формирование человеческого капитала и проблемы его использования в Республике Таджикистан. Д., 2017;
  • Совершенствование системи социальной защиты населения Республики Таджикистан в контексте устойчивого человеческого развития. Д., 2018.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]