Рухсора Расулзода
Расулзода Рухсора | |
|---|---|
| Тағоева Рухсора Расуловна | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 25 сентябри 1995 (31 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | идораи давлатӣ, сиёсат, сиёсатшиносӣ |
| Ҷойҳои кор | Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
| Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Расулзода Рухсора (Тағоева Рухсора Расуловна (то соли 2024); 25 сентябри 1995, ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон) — сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Расулзода Рухсора, 25 сентябри соли 1995, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2012 МТМУ №56-и ноҳияро бо шаҳодатномаи аъло ва бо медали нуқра хатм намудааст[1].
- Соли 2017 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси «сиёсат ва идораи давлатӣ» бо дипломи аъло,
- соли 2020 аспирантураи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- соли 2023 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро аз рӯйи ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ.Забон ва адабиёти тоҷик» хатм намудааст.
Иштирок дар олимпиадаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соли 2012 ҷойи якум дар олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни «забон ва адабиёт»,
- соли 2015 ҷойи якум дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни «фалсафа».
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2015-2019 - мутахассиси раёсати таъминоти ҳуқуқӣ ва идоракунии кадрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- 2019-2020 - мутахассиси раёсати таъминоти ҳуқуқӣ ва қисми махсуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- 2020-2024 - сардори шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон[2].
Рисолаи номзадӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2024 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-001 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаашро дар мавзӯи «Сиёсати забонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои асосии он» ҳимоя намуда, дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ дарёфт намудааст [3].
Фаъолияти омӯзгорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 2024 омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа, факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2026 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофонида шудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи монография ва як қатор мақолаҳои илмӣ доир ба сиёсати забонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошад [4].
Монография
[вироиш | вироиши манбаъ]- Расулзода, Рухсора. Сиёсати забонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои асосии он. — Душанбе, 2025. — 189 с.
Мақолаҳои илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тағоева Р.Р. Масъалаҳои назариявию методологии сиёсати забони давлатӣ(тоҷ.) // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бахши илмҳои сиёсатшиносӣ. — 2018. — Шум. 1. — С. 92—98. — ISSN 0235-005X.
- Тағоева Р.Р. Сиёсати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои он(тоҷ.) // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бахши илмҳои сиёсатшиносӣ. — 2018. — Шум. 3. — С. 144—148. — ISSN 0235-005X.
- Муҳаммад А.Н., Тағоева Р.Р. Баъзе хусусиятҳои байналмилалии забони тоҷикӣ ва дурнамои инкишофи он(тоҷ.) // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бахши илмҳои сиёсатшиносӣ. — 2019. — Шум. 3. — С. 119—125. — ISSN 0235-005X.
- Тағоева Р.Р. Масъалаҳои назариявию методологии сиёсати забони давлатӣ(тоҷ.) // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. — 2019. — Шум. 4-1. — С. 318—324. — ISSN 2413-5151.
- Тағоева Р.Р. Мавқеи забони тоҷикӣ дар ташаккули ғояи миллӣ(тоҷ.) // Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Бахши илмҳои сиёсатшиносӣ. — 2019. — Шум. 4 (81). — С. 157—164. — ISSN 2411-1945.
- Расулзода Р. Масъалаҳои стратегияи сиёсати забонӣ(тоҷ.) // Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният. — 2024. — Шум. 1 (9). — С. 161—168. — ISSN 2090-3567.
- Расулзода Р. Тоҷикистон Рӯзномаи ҷаҳонӣ доир ба ҳифзи пиряхҳоро ташкил медиҳад(тоҷ.) // Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният. — 2025. — Шум. 2 (14). — С. 97—105. — ISSN 2790-3567.
- Расулзода Р. Таджикистан в СНГ: направления, достижения и перспективы сотрудничества(рус.) // Евразийская интеграция: экономика, право, политика. — 2025. — Т. 19, № 4. — С. 193—195. — ISSN 2073-2929.
- Расулзода Р. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СММ: аз дипломатияи об то иқлим, маърифати ҳуқуқӣ ва зеҳни сунъӣ(тоҷ.) // Осиё ва Аврупо. — 2026. — Шум. 1 (25). — С. 67—75. — ISSN 2790-7198.(пайванди дастнорас)
- Расулзода Р. Ҳамгунсозии номҳои кишварҳо, шаҳрҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ҷузъи татбиқи сиёсати забонӣ: мушкилоти гуногуннависӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо(тоҷ.) // Паёми Донишгоҳи забонҳо (силсилаи илмҳои филологӣ, педагогӣ ва таърих). — 2026. — Шум. 1 (61). — С. 142—150. — ISSN 2226-9355.
- Муҳаммад А.Н., Тағоева Р.Р. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон ҳамчун омили ташаккули давлатдории навин(тоҷ.) // Забон ва истилоҳот: маҷаллаи илмӣ-омавӣ. — 2022. — Шум. 2-3. — С. 29—38. — ISSN 2957-6741.
- Расулзода Р. Тоҷикистон рӯзномаи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳоро ташаккул медиҳад(тоҷ.) // Сиёсати хориҷӣ. — 2025. — Шум. 2(03). — С. 27—32.
- Расулзода Р. Нақши Пешвои миллат дар ташаккул, рушд ва татбиқи сиёсати забонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.) // Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. Бахши илмҳои гуманитарӣ ва педагогикаи касбӣ. — 2025. — Шум. 1-2 (15-16). — С. 69—76.
- Расулзода Р. Татбиқи сиёсати забонӣ дар ҳамгунсозии номҳои ҷуғрофӣ ва созмонҳои байналмилалӣ(тоҷ.) // Сиёсати хориҷӣ. — 2026. — Шум. 5(06). — С. 31—40.
- Расулзода Р. Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илму маориф: вазъи кунунӣ ва дурнамо(тоҷ.) // Навиди илм. — 2025. — Шум. 4. — С. 111—114. — ISSN 3105-9228.
Диплом ва ифтихорномаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани ҷойи якум дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик (соли 2012);
- Тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани ҷойи якум дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012);
- Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои сазовор гардидан ба ҷойи аввал дар олимпиадаи донишгоҳӣ. (соли 2015);
- Дипломи дараҷаи I-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани ҷойи якум аз фанни фалсафа дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2014-2015. (соли 2015);
- Ифтихорномаи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои иштироки фаъол дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону донишҷӯйни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «Соли оила», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015. (соли 2015);
- Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – поягузори Артиши миллӣ». (соли 2019);
- Ифтихорномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ (соли 2021);
- Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2026).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сафарзода Ғазалшоҳ Ғулом. Рушди маорифи вилояти Хатлон дар охири асри XX — ибтидои асри XXI (дар заминаи маводи минтақаи Кӯлоб)(тоҷ.). Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш (2022).
- ↑ Расулзода Рухсора(тоҷ.). Пойгоҳи миллии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ — феҳристи ягонаи олимон, муассисаҳои илмӣ ва дастовардҳои илмӣ.(пайванди дастнорас)
- ↑ Фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи додани дараҷаи илмӣ", №57 аз 28.02.2025.
- ↑ Интишороти Расулзода Рухсора(тоҷ.). Пойгоҳи миллии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ — феҳристи ягонаи олимон, муассисаҳои илмӣ ва дастовардҳои илмӣ.(пайванди дастнорас)