Рўйи (пешоянд)
Jump to navigation
Jump to search
Рўйи ( рўй + бандаки изофӣ ) — пешоянди номӣ буда,сатҳи ашёеро нишон медиҳад, ки амал дар он воқеъ гардидааст. Вай бо пешояндҳои аслии дар, ба, аз , бар кор фармуда мешавад.
Мисолҳо[вироиш]
- Хизматгор чой, дастурхон, ва як табақ қазии яхниро бо корд оварда , ба рӯйи сандалӣ ниҳод (Садриддин Айнӣ).
- Иқболхола дар рӯйи кат ду-се кӯрпачаро болои ҳам партофта... ба чокдӯзӣ машғул шуд (Фазлиддин Муҳаммадиев).
- Он ҷо як ҷавони чӯпоннамо бар рўйи харсанге нишаста буду худ таронаеро замзама мекард (Раҳим Ҷалил).
Нигаред низ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - с.296