Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Рӯзи байналмилалии олимпӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эмблемаи КБО

Рӯзи байналмилалии олимпӣиди ҷаҳонӣ мебошад, ки тибқи қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ҳар сол 23 июн дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад.

Моҳи январи соли 1948 КБО дар ҷаласаи 42-юми худ дар Санкт-Моритс қарор қабул кард, ки ҳамасола 23 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ ҷашн гирифта шавад. Ин сана ба хотири таъсис ёфтани КБО 23 июни соли 1894 интихоб гардид. Маҳз дар ҳамин рӯз барони фаронсавӣ Пйер де Кубертен, ки ташаббускори эҳёи ҳаракати олимпӣ буд, дар Париж дар назди конгресси байналмилалии атлетикӣ маърӯзаи таърихии худро ироа намуд. Баъд аз қабули қарор дар бораи баргузории аввалин Олимпиадаи муосир соли 1896 дар Юнон, Кубертен роҳбарии КБО-и навтаъсисро ба уҳда гирифт.

Чорабинии асосии Рӯзи байналмилалии олимпӣ — баргузории давҳои оммавӣ ба масофаҳои гуногун 23 июн ё дар рӯзҳои наздиктарин ба он мебошад. КБО ба кумитаҳои миллии олимпӣ тавсия медиҳад, ки бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари иштирокчиён ҷашнҳои варзишӣ, махсусан мусобиқаҳои давро ташкил намоянд ва бо ин васила ғояи «варзиш барои ҳама»-ро таблиғ кунанд.

Маншури олимпӣ чунин мефармояд:

Ҳаракати олимпӣ ҳадаф дорад, ки ҷавононро тавассути варзиш дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ тарбия намуда, ба ин васила дар эҷоди ҷаҳони беҳтар ва оромтар саҳм гузорад.


Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]