Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Рӯзи байналмиллалии об

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рӯзи байналмиллалии об
Аҳамият Ҷалби таваҷҷуҳи башарият ба мушкилоти захираҳои оби Замин
Сана 22 март
 Парвандаҳо дар Викианбор

Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об (англ. англ. World Day for Water, исп. исп. Día Mundial del Agua, фр. фр. Journée mondiale de l'eau) ҳамасола 22 март ҷашн гирифта мешавад. Ин Рӯзи ҷаҳонӣ аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ дар соли 1993 эълон шудааст (қатъномаи № A/RES/47/193 «Гузаронидани Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об»).

Дар қатъномаи Ассамблеяи Генералӣ ба давлатҳо пешниҳод шудааст, ки дар ин рӯз чорабиниҳои марбут ба ҳифз ва азхудкунии захираҳои обро доир намоянд. Ассамблеяи Генералӣ аз Дабири кулли СММ хоҳиш кард, ки чорабиниҳои ҳамасолаи СММ-ро ба як мавзӯи мушаххас равона кунад.

Дар соли 2003 Ассамблеяи Генералӣ дар қатъномаи худ № A/RES/58/217 давраи солҳои 2005-2015-ро, аз Рӯзи байналмилалии захираҳои об (22 марти соли 2005) сар карда, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Ҳамасола ин рӯз таҳти як шиори (мавзӯи) мушаххас мегузарад.

  • Дар соли 2006, 1,1 миллиард нафар аз оби ошомидании бехатар маҳрум буданд.
  • Дар соли 2006, 2,6 миллиард нафар ба хидматрасониҳои асосии санитарӣ дастрасӣ надоштанд.
  • То соли 2006, шумораи ҳалокшудагон аз сел ва хушксолӣ нисбат ба дигар офатҳои табиӣ бештар буд.

Мавзӯъҳои ҳамасолаи Рӯзи ҷаҳонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1993
  • 1994 — «Ғамхорӣ дар бораи захираҳои оби мо кори ҳар як нафар аст»
  • 1995 — «Об ва занон»
  • 1996 — «Water for Thirsty Cities» (Об барои шаҳрҳои ташна)
  • 1997 — «Оё дар ҷаҳон об кофӣ аст?»
  • 1998 — «Обҳои зеризаминӣ — захираи ноаён»
  • 1999 — «Everyone Lives Downstream» (Ҳама дар поёноб зиндагӣ мекунанд)
  • 2000 — «Захираҳои об барои асри XXI»
  • 2001 — «Захираҳои об барои саломатӣ»
  • 2002 — «Захираҳои об барои рушд»
  • 2003 — «Захираҳои об барои оянда»
  • 2004 — «Захираҳои об ва офатҳои табиӣ»
  • 2005 — «Захираҳои об барои ҳаёт»
  • 2006 — «Захираҳои об ва фарҳанг»
  • 2007 — «Ҳалли мушкилоти норасоии об»
  • 2008 — «Захираҳои об ва санитария»
  • 2009 — «Захираҳои обии муштарак — имкониятҳои муштарак»
  • 2010 — «Оби тоза барои саломатии ҷаҳон»
  • 2011 — «Об барои шаҳрҳо»
  • 2012 — «Об ва амнияти озуқаворӣ»
  • 2013 — «Ҳамкории обӣ»
  • 2014 — «Об ва энергия»
  • 2015 — «Об ва рушди устувор»
  • 2016 — «Захираҳои об ва бозори кор»
  • 2017 — «Чаро обҳои партов?»
  • 2018 — «Табиат ва об»
  • 2019 — «Ҳеҷ касро дар канор нагузоред»
  • 2020 — «Об ва тағйирёбии иқлим»
  • 2021 — «Қадри об»
  • 2022 — «Обҳои зеризаминӣ: ноаёнро аён созем»
  • 2023 — «Шитоб дар тағйирот»
  • 2024 — «Об барои сулҳ»

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]