Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Рӯзи байнулмилалии бевазанон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рӯзи байнулмилалии бевазанон (англ. International Widows Day) — рӯзи тасдиқшудаи Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза бо камбизоатӣ ва беадолатӣ, ки миллионҳо бевазанон ва нафарони таҳти сарпарастии онҳо дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо он рӯбарӯ мешаванд. Аз ҷониби Бунёди Лумба барои баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи мушкилоти бевагӣ таъсис дода шудааст.

Тибқи арзёбии китоби «Ноаён, фаромӯшшудагони ранҷур: ҳолати ногувори бевазанон дар саросари ҷаҳон», дар ҷаҳон то соли 2010 тақрибан 245 миллион бевазан ба қайд гирифта шуда буд, ки 115 миллиони онҳо дар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд. 22 июни соли 2010 ин таҳқиқот ба Дабири кулли СММ Пан Ги Мун дар доираи маъракаи иттилоотии Бунёди Лумба пешниҳод карда шуд.

Нахустин Рӯзи байнулмилалии бевазанон соли 2005 баргузор гардид.

Эътирофи Созмони Милали Муттаҳид

[вироиш | вироиши манбаъ]

21 декабри соли 2010 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 23 июнро расман Рӯзи байнулмилалии бевазанон эълом кард ва пешниҳоди президенти Габон Алӣ Бонго Ондимбаро якдилона дастгирӣ намуд. Дар баробари эътирофи расмӣ, СММ аз кишварҳои узв ва дигар созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ даъват кард, ки ба вазъи бевазанон ва фарзандони онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.