Рӯзи Ғалаба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Медали «За победу над Германией в Великой Отечественной войне 1941—1945 гг.»
Парад дар Москва 2005
Парад дар Киев 2010

Рӯзи Ғалаба — иди ғалабаи ИҶШС аз болои миллатгароёнӣ Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945 мебошад. Рӯзи 9 май — Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, Русия, Украина ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ҷашн гирифта мешавад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халкҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд.[1]

Баъд аз ба охир расидани ҷанг, 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба — иди расмии ИҶШС эълон гардид ва ҳар сол дар тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд.

Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941—1945) аз ҷумлаи идҳои давраи шӯравӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони муосир боқӣ мондааст.

Баргузории ид[вироиш | вироиши манбаъ]

9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватани (1941—1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад..[2]

Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кучаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Дар арафаи ид ҳафтаи «Поси хотир» (аз Тоҷикистон 90 ҳазор нафар ҷанговарон дар амалиётҳои ҷангӣ вафот кардаанд)вохӯриҳо бо собиқадорони (ветеранҳои) ҷанг баргузор мегардиданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд.

Парчами Ғалаба

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н. Б.,Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010.
  2. Рӯзҳои Ид(пайванди дастнорас)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]