Гиря (суруд)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Савти Гиря)

«Гиря» — суруд ва оҳанги маъмули бостонӣ ва мавсимию маросимии тоҷикон, ки савти лирикии ҳузнангез дорад.

«Гиря» аз ҷиҳати алҳон ва сохти пардавиаш ба шуъбаи дуввуми мақоми «Сегоҳ»-и «Шашмақом» рост омада, чун мавзӯи алоҳида ба таркиби он дохил шудааст ва дар таркиби шуъбаи дуввуми «Сегоҳ»-у дар амалияи иҷроии мақомҳо бо номҳои «Гиря» ва «Савти Гиря» амал дорад. «Гиря» дар таълифоти мусиқии назарии асрҳои 12-17 ба ҳайси шоха ва гӯшаи савтиву овозӣ дар таркиби мақомҳо ёдрас нашудааст, аммо эҷодкорон дар робита ба ин ё он муносибат таснифоте дар ин лаҳн сохтаанд. Ин суруд дар асрҳои миёна дар заминаи сурудҳои мотамию маросимии мардумӣ ба вуҷуд омада, ҳузну андуҳро ифода мекард. Минбаъд чун асари ҷудогона маъмул гардида, асрҳои 18-19 ба силсилаи «Шашмақом» ворид гардидааст. «Гиря» аз ҷиҳати сохту таркиби оҳангӣ ба се қисм ҷудо мешавад. Қисми аввал худи асли оҳанги «Гиря» буда, аз рӯи зарбу усул ба усулу авзони «Чапандоз» шабеҳ аст ва бар усули машҳури «ланг» бо зарби 3/8+3/4 иҷро мешавад. Шохаи дуввум «Савти Гиря» ном дошта, ба оҳанги «Талқинча» монанд аст. Шохаи севвуми он «Уфари Гиря» аст, ки бо зарби шӯх иҷро мегардад. То ворид шудан ба «Шашмақом» матни «Гиря» аз шеърҳои динӣ иборат буд, ки дар сӯгвориҳо мехонданд.

«Гиря» дар «Шашмақом» бо ғазали Афзал Махдуми Пирмастӣ омадааст, ки матлаи он чунин аст:

Арақ бо рӯи ӯ хушбӯ – гул аст он , хуш гулоб аст ин,
Чӣ мӯю холи дилҷӯ? Сунбул аст он, мушки ноб аст ин.
Сари мижгонашу ҷон – ин нишон, он тири ҷонфарсо,
Рухи рахшонашу дил – синасӯз аст он, кабоб аст ин.

Сарояндаи хушилҳон Ҷӯрабек Муродов «Гиря»-ро бар ғазали Ахавони Солис месарояд, ки матлаъаш ин аст:

Ҳамин аз ғам натанҳо чашми хунполои ман гиряд,
Ки ҳамчун нахли боронхӯрда сар то пои ман гиряд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ражабов И. Мақомлар масаласига доир. Тошкент, 1963;
  • Шашмаком/ Составители: Б. Файзуллаев, Ш. Сахибов, Ф. Шаҳобов. М., 1950—1964;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988; Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни XX. Х. 2006;
  • Донишномаи Шашмақом. Д., 2009;
  • Муҳаммади Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Д., 2012;
  • رضاقلی خان هدایت. مجمع الفصحا. چاث سنگئ ١۸۹٧؛
  • محمد علئ امام ششتری. شعرو موسیقی و سازو آواز در ادبیات فارسی. تهران،١۳۴۶ هـ. ش.؛
  • مهدئ برکشلی. شرح ردیف موسیقئ ایران. تهران، ١۳۴۶ هـ. ش.؛
  • محمد معین. فرهنگ معین. تهران، ١۳۴۸ هـ. ش.؛
  • نصرت اللاه هدادی٬ فرهنگنامۀ موسیقئ ایران، تهران،١۳٧۶ هـ. ش؛
  • مهدئ ستایشگر، واژه نامۀ موسیقئ ایرانزمین. جلد 1. تهران٬ ١۳۸١.هـ. ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]