Садио Мане
Садио Мане
| ||
| Иттилооти умумӣ | ||
| Номи пурра | Садио Мане (фр. Sadio Mané) | |
| Таваллуд | 10 апрел 1992 (34 сол) Бамбали, Сенегал | |
| Шаҳрвандӣ | ||
| Қад | 174 см | |
| Мавқеъ | ҳамлагар | |
| Иттилоот дар бораи бошгоҳ | ||
| Бошгоҳ | ||
| Шумора | 10 | |
| Маснад | ||
| Бошгоҳҳои ҷавонон | ||
| 2009—2011 | ||
| Маснади бошгоҳӣ* | ||
| 2011—2012 | 22 (2) | |
| 2011—2012 | → |
12 (2) |
| 2012—2014 | 63 (31) | |
| 2014—2016 | 67 (21) | |
| 2016—2022 | 196 (90) | |
| 2022—2023 | 25 (7) | |
| 2023—то ҳол | 73 (30) | |
| Мунтахаби миллӣ** | ||
| 2012 | 4 (0) | |
| 2012—то ҳол | 126 (53) | |
| Медалҳои байналмилалӣ | ||
| Ҷоми миллатҳои Африқо | ||
| Нуқра | Миср 2019 | |
| Тилло | Камерун 2021 | |
| Тилло | Мағриб 2025 | |
* Миқдори бозӣ ва гол барои бошгоҳи ҳирфаӣ фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад. ** Миқдори бозӣ ва гол барои мунтахаби миллӣ дар бозиҳои расмӣ. | ||
Садио Мане дар Викианбор
| ||
Садио́ Мане́ (фр. Sadio Mané; 10 апрели 1992, Бамбали, Сенегал) — футболбози сенегалӣ, ҳамлагари бошгоҳи «Ан-Наср»[1] ва тими миллии Сенегал.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Садио Мане дар хонаводаи камбизоат ба дунё омадааст, ки ҳатто имкони пардохти хароҷоти таҳсили ӯро надоштанд. Аммо истеъдоди ӯ дар айёми наврасӣ чунон ҳайратангез буд, ки сокинони русторо барои таъмини ҳазинаҳои футболӣ ва роҳёбиаш ба тими маҳаллиро басиҷ кард.
Дар давраи бозӣ карданаш дар бошгоҳи «Ливерпул», Садио Мане дар маҳаллаи Аллертони шаҳри Ливерпул зиндагӣ мекард ва ду маротиба мавриди ғоратгарӣ қарор гирифт: бори аввал моҳи ноябри соли 2017 ва бори дувум моҳи феврали соли 2019. Ӯ мусалмони амалкунанда мебошад ва пеш аз оғози ҳар бозӣ ба дуо машғул мешавад. Пас аз пирӯзии тими миллии Сенегал дар Ҷоми миллатҳои Африқо соли 2021, Садио Мане бо фармони президенти кишвараш Макки Сал ба унвони Афсари олии Ордени миллии «Шер» сарфароз гардонида шуд.
Садио Мане 7-уми январи соли 2024 тибқи ойини исломӣ бо Айша Тамба, ки аз ӯ 13 сол хурдтар аст, издивоҷ кард. Дар замони ақди никоҳ, ӯ 31-сола ва ҳамсараш 18-сола буд. Ба иттилоъ, онҳо зиёда аз ду сол пеш аз издивоҷ бо якдигар ошноӣ доштанд.
Маснади бошгоҳӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ фаъолияташро дар сатҳи ҳирфаӣ бо тими бошгоҳи футболи «Метс»-и Фаронса оғоз намуд, сипас ба бошгоҳи футболи «Ред Булл Залсбург» рафт ва дар соли 2013 ба «Саутҳемптон» гузариш кард. Мане дар мавсими 2014/15, дар бозие ки бо пирӯзии 6:1-и «Саутҳемптон» бар «Астон Вилла» анҷом ёфт, тавонист рекорди зудтарин ҳет-трик дар Лигбартари Инглистонро бо вақти 176 сония ба номи худ сабт кунад. Мане соли 2017 барандаи ҷоизаи «Беҳтарин бозигари сол»-и «Ливерпул» шуд[2] ва ӯ ҳамчунин ҳамроҳи Муҳаммад Салоҳ ва Пйер Эмерик Обамеянг кафши тиллои Лигбартари Инглистонро дар фасли 2018/19 касб кард.
Мунтахаби миллӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Садио Мане ҳамдастаи Роналду гардид. ftv.tj (2 августи 2023).(пайванди дастнорас)
- ↑ Садио Мане футболбози сол дар “Ливерпул”. Varzishtv.tj (10 май 2017).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
| Ин мақолаи хурд мақолаи зиндагинома аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Зодагони 10 апрел
- Зодагони соли 1992
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Бамбали
- Варзишгарон аз рӯи алифбо
- Футболбозон аз рӯи алифбо
- Ҳамлагарони футбол
- Футболбозони Сенегал
- Футболбозони тими миллии футболи Сенегал
- Бозигарони БФ «Метс»
- Бозигарони БФ «Ред Булл Залсбург»
- Бозигарони БФ «Саутҳемптон»
- Бозигарони БФ «Ливерпул»
- Бозигарони БФ «Бавария»
- Бозигарони БФ «Ан-Наср»
- Мақолаҳои хурд Зиндагиномаи нопурраи футболбози Сенегал