Садриддин Шамсиддинзода
Садриддин Шамсиддинзода |
|---|
Садриддин Шамсиддинзода (Шамсиддинов Садриддин Зайниддинович; зод. 28 феврали 1967, ноҳияи Восеъ) — рӯзноманигори тоҷик, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Корманди шоистаи Тоҷикистон (2023)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Садриддин Шамсиддинзода 28 феврали соли 1967 дар ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб дар хонадони тоҷик ба дунё омадааст[2]. Ӯ соли 1974 ба таҳсил дар мактаби миёнаи № 3-и ноҳияи Восеъ оғоз намуда, онро соли 1984 хатм кардааст. Дар солҳои 1984—1985 дар омӯзишгоҳи № 67 шаҳри Душанбе таҳсил намуда, ихтисоси «кафшергари барқӣ» -ро бо дипломи аъло гирифтааст.
Баъди хатми омӯзишгоҳ, аз августи 1985 то сентябри 1986 дар трести «Душанбемонолитстрой» фаъолият намуда, дар сохтмони биноҳои 12-ошёна дар пойтахти Тоҷикистон иштирок кардааст[3].
Таҳсил ва хидмат дар артиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1986 ба факултети филологияи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, кафедраи журналистика ва тарҷума, дохил шуд. Дар солҳои 1987—1989 дар Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Беларусия хизмати ҳарбиро адо карда, баъдан таҳсилро идома дода, соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1993 то октябри 1996 дар идораи барномаҳои иттилоотии Радиои Тоҷикистон кор кардааст. Дар солҳои 1996—2003 дар редаксияҳои барномаҳои «Ахбор» ва «Субҳ», инчунин дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ин давра, ӯ вазифаҳои роҳбари шуъбаи хабарнигорони минтақавӣ, муовини аввали сармуҳаррир ва сармуҳаррирро бар уҳда дошт[4].
Аз моҳи декабри 2003 то апрели 2005 ҳамчун мушовири калони хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 2005 ба вазифаи директори «Шабакаи аввал»-и Телевизиони Тоҷикистон таъйин гардида, то 6 феврали соли 2008 дар ин мансаб кор кард.
Аз соли 2008 то 2015 директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои нахди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва дар солҳои 2017[5]—2025 Директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» буд[6].
Садриддин Шамсиддинзода 21 январи соли 2025 директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» таъйин шудааст.[7]
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон;
- Аълочии матбуоти Тоҷикистон;
- Ҷоизаи журналистии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
- Медали «Хидмати шоиста»;
- Корманди шоистаи Тоҷикистон (2023)[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Аз Абдуғаффору Моҳрухсор то Моҳпайкару Нигина. Киҳо унвони “халқӣ” ва “шоиста” гирифтанд?(тоҷ.). asiaplustj.info. ASIA-Plus (31 августи 2023). 28 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Новый глава «Ховара» намерен поднять имидж Таджикистана и СМИ. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (7 феврали 2008). 28 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Шамсуддинов Садриддин. centrasia.org. ЦентрАзия. 28 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Мансурова Бибимарьям Сайдуллоевна. Информационные агенства в системе средств массовой информации Республики Таджикистан. old.rtsu.tj. Российско-Таджикский (Славянский) университет (2018). 28 феврали 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Таъиноти кадрӣ дар телевизион. Pressa.tj. 28 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд(тоҷ.). asiaplustj.info. ASIA-Plus (21 Январ 2025). 28 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шамсиддинзода директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» таъин гардид(тоҷ.). president.tj (21 Январ 2025).