Jump to content

Саидамир Аминов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саидамир Аминов
Аминов Саидамир Ашурович
Таърихи таваллуд 4 январ 1946(1946-01-04)
Зодгоҳ деҳаи Турушбоғи ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 20 декабр 2024(2024-12-20) (78 сол)
Фазои илмӣ педагогика
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика (1995)
Алма-матер Институти давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (1969)
Ҷоизаҳо
медали «Хидмати шоиста» (1999)
Аълочии маорифи Тоҷикистон (1981)
Аълочии маорифи СССР (1988)

Саидамир Аминов (Аминов Саидамир Ашурович; 4 январи 1946, деҳаи Турушбоғ, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 20 декабри 2024) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1995). Аълочии маорифи ИҶШС (1988), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саидамир Ашурович Аминов 4 январи соли 1946 дар деҳаи Турушбоғи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Хатмкардаи курси яксолаи муаллимтайёркунӣ дар ноҳияи Ҳисор (1962—1963), муаллими мактаби 8-солаи № 23-и ноҳияи Ҳисор (1963—1965), хатмкардаи Институти давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (1965—1969), муаллими мактаби № 3 ноҳияи Ҳисор (1970—1971), ходими илмии ИТИИП (1971—1972), методисти ИМТИ, ходими хурди илмӣ, ходими калон, мудири лабораторияи забон ва адабиёт, котиби илмӣ, муовини директори ИТИИПТ (1975—2003), сардори идораи таҳсилоти умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон (2003—2005), сардори бахши илмии нахустин Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон (2006—2008), саркотиби илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (аз 2008 то ҳол).

Узви ифтихории Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — «Пайванд» мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба қалами Саидамир Аминов беш аз 45 китоби дарсӣ, дастури методӣ, маводи таълим ва беш аз 360 мақолаи илмию методӣ тааллуқ доранд. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

Соли 1993 дар озмуни Мавлавӣ китоби забони тоҷикии синфи 9 (10) таълифкардаи Аминов ҷойи аввалро гирифт.

  • Тартиби гузаронидани машқ аз забони тоҷикӣ барои синфи 4-8 (1979);
  • Методикаи таълими матнсозӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ (1995);
  • Олим ва педагоги шинохта(1995);
  • Таълими ҳуљљатҳои расмӣ дар мактаб(1992, 2007, 2011);
  • Матн ва таълими он дар мактаб (2002);
  • Луғати мухтасари мактабӣ (2002, 2008),
  • Муҳақиқи тавоно ва омӯзгори амиқандеш (2009, Луғати фразеологии мактабӣ (2002, 2007), Дастури методӣ ба китоби синфи 7 (2008),
  • Барномаи забони тоҷикӣ барои синфи 5-9 (1994),
  • Барномаи забони тоҷикӣ (2001, 2002, 2006),
  • Барномаи забони давлатӣ (2004, дар ҳаммуаллифӣ, 2010),
  • Стандарти фанни забони тоҷикӣ барои синфи 5-9 ва роҳнамо (дар ҳаммуаллифӣ,
  • 2012),
  • Барномаи забони тоҷикӣ барои шуъбаи дефектологияю педагогика ва психологияи томактабӣ (2003),
  • Забони тоҷикӣ барои синфи 7 (202, 2007, 2008),
  • китоби забони тоҷикӣ барои синфи 8 (2007),
  • забони тоҷикӣ барои синфи 10 (2005, 2011),
  • Забономӯзӣ — асоси рушди тафаккур (мач. мак.,2010)[1]

Саидамир Аминов бо нишони «Аълочии маорифи халқ» (1981), «Аълочии маорифи ИҶШС» (1988) ва медали «Хидмати шоиста» (1999) қадр шудааст.